Боздиди намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ аз ноҳияи Файзобод

Боздиди намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ аз ноҳияи Файзобод
Октябр 08
13:35 2022

Дар доираи ташрифи   намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 6 октябри соли равон сурат гирифт, Аксел фон Тротсенбург –  Директори идоракунандаи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба амалиёт, Анна Бьерде – Ноиби президенти Бонки умумиҷаҳонӣ  оид ба минтақаҳои Аврупо ва Осиёи марказӣ, Татяна Прскурякова – Директори минтақавии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Осиёи марказӣ санаи 7 октябри соли ҷорӣ бо ҳадафи натиҷагирӣ аз амалишавии лоиҳаҳои дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  Бонки умумиҷаҳонӣ амалишаванда аз ноҳияи Файзобод дидан ба амал оварданд.

Меҳмононро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, инчунин доираи васеъи намояндагони вазорату идораҳо ва шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Дар доираи сафари корӣ меҳмонон ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст аз маросими намоишгоҳи гӯшаҳои лоиҳаҳои дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиаҳонӣ татбиқшаванда дидан намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ дар ноҳияи Файзобод 3 лоиҳа;  Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” дар назди вазоратҳои молия, маориф ва илм ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Лоиҳаи “Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ” дар назди вазоратҳои молия ва кишоварзӣ татбиқ мегарданд.

Ҳамзамон намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ аз рафти фаъолият дар маркази саломатии деҳоти “Дубеда”-и ноҳияи Файзобод, ки дар дораи татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шудуаст, дидан намуда, аз натиҷаҳои ҳосилшуда дар доираи амашавии Лоиҳа  изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи  “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори КАТС дар ноҳияи Файзобод ду маркази саломатии деҳот “Дубеда” ва “Орифон” сохта ба истифода дода шуда, ҳарду муассиса бо таҷҳизот ва мебели тиббӣ пурра таҷҳизонида шудааст.

Татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ дар ноҳияи Файзобод дар доираи маблағгузории иловагии якум соли 2016 оғоз ёфта, баҳри баланд бардоштани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии кишвар равона шудааст.

Яке аз қисматҳои асосии Лоиҳа вориднамоии механизми маблағгузории муассисаҳои кумаки аввлияи тиббию санитарӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият  (МАНФ) мебошад ва пардохтҳои ҳавасмандкуниро   барои муассисаҳои тиббии таҷрибавӣ пешбинӣ менамояд.

Миқдори умумии муассисаҳои шабакаи КАТС-и ноҳияи Файзобод, ки дар он МАНФ амалӣ карда мешавад, 41 ададро ташкил медиҳад, аз ҷумла, 16 маркази саломатии деҳот ва 25 бунгоҳи саломатӣ мебошанд.

Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Файзобод аз ҷониби Лоиҳа як адад автомашина барои гузаронидани назорати сарпарастӣ, таҷҳизоти тиббӣ барои ду адад МСД-и сохташуда (85 номгӯй) ва ду адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ (123 802 доллари ИМА), таҷҳизоти тиббӣ барои 11 МСД-и амалкунанда (42 номгӯ) ва 26 бунгоҳҳои саломатӣ (16 номгӯ ба маблағи умумии 233 370 доллари ИМА) мебели тиббӣ барои МСД-и сохташуда,   таҷҳизоти компютерӣ (ноутбук – 36 адад, планшет – 44 адад, принтер – 20 адад ва 1- проектор/экран), борхалтаҳои тиббӣ ба миқдори 275 адад (87 барои табибон ва 188 барои кормандони миёнаи тиб) таҷҳизоти зарурии занҷираи хунукӣ барои нигоҳдорӣ ва нақли ваксинаҳо, генератор барои таъминоти муттасили барқ ба муассисаи сохташудаи МСД «Орифон»   харидорӣ шуданд. Дар давраи муқовимат ба пандемияи COVID-19 барои муассисаҳои тиббии ноҳия 30 адад пулсоксиметр ва 30 адад термосканерҳо  дода шудааст.  Аз аввали татбиқи Лоиҳа ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба ноҳияи Файзобод 1 611 101,19 доллари ИМА-ро ташкил намуд.

Бояд гуфт, ки Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ аз соли 2013 ба фаъолият оғоз намуда, яке аз лоиҳаҳои бобарор дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа аз такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ тавассути усулҳои муосири маблағгузории  соҳаи тандурустӣ,  асосан “Маблағгузорӣ дар асоси  натиҷаҳои фаъолият” ватакмили заминаи моддию техникӣ ва иқтидори кадрии муассисаҳои КАТС иборат мебошад

Лоиҳа дар муассисаҳои тиббии деҳоти 16 ноҳияҳои таҷрибавии  вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияи Файзободу Дарвоз фаъолият дорад. Арзиши умумии Лоиҳа 45 миллиону 232 ҳазор дол. ИМА мебошад.

Дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар маблағгузории якум, бо мақсади такмили инфрасохтори муассисаҳои КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавӣ корҳои сохтмонию азнавсозии 37 муассисаҳои тиббӣ дар 9 ноҳия таҷрибавӣ ва таъмири Маркази таълимию клиникии  тибби оилавӣ дар вилояти Хатлон ба анҷом расонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд. Арзиши умумии сохтмони муассисаҳо 6 688 240 долларро ташкил доданд.

Барои 37 марказҳои саломатии деҳоти навсохташудаи ноҳияҳои таҷрибавӣ, 24 номгӯи мебели тиббӣ ба  маблағи 505526 доллари ИМА,  таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 1 685 765,5 доллари ИМА, занҷираи сармоӣ ба  маблағи 146743,4 доллари ИМА, 17 панелҳои қудратии офтобӣ ба  маблағи 417 830 доллари ИМА , 11 генератор бо қисмҳои эҳтиётӣ ба  маблағи 77678 доллари ИМА харидорӣ ва дастрас карда шуданд.

Ҳамчунин барои рушди соҳа ва шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз тарафи Лоиҳа, 35 адад мошини ёрии таъҷилӣ   харидорӣ шуда, ба ноҳияҳои таҷрибавӣ дастрас карда шудааст.

Барои рушди фаъолияти МД “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” 2 адад мошини махсус барои интиқоли ваксинаҳо бо ҳарорати минуса   харидорӣ гардида, дастраси ин Марказ гардонида шудааст.   Айни замон дар 36 муассисаи тиббӣ дар 6 ноҳияи нав ба Лоиҳа воридшуда корҳои таъмирӣ    ба нақша гирифта шуда,  кор дар ин самт идома дорад.  Барои ин муассисаҳо, ки аз таъмир бароварда мешаванд ва муассисаҳои дигари ин ноҳияҳо (76 МСД) таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 381 302 доллар харидорӣ карда шудааст, ки ба муассисаҳои 6 ноҳия дастрас шуда истодаанд. Ин муассисаҳо ба 350 913 нафар аҳолӣ хизмат мерасонанд. Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ оид ба сифати хизматрасонӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ даврҳои гуногуни омузишӣ оид ба ихтисоси тибби оилавӣ ташкил ва гузаронида шудаву ин раванд идома дорад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 673
  • 1,242
  • 949,693