Чорабинии идона бахшида ба 73-юмин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Чорабинии идона бахшида ба 73-юмин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Май 08
16:09 2018

Имрӯз ба ифтихори 73-юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 дар Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон» – и ноҳияи Варзоб бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ-фароғатӣ доир карда шуд.
Дар расми баргузории чорабинии бошукуҳ Насим Олимзода – вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳамадулло Шерализода – Раиси ноҳияи Варзоб, Дилором Содиқова – ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холзода Абдулҳаким – директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони дастгоҳи марказӣ ва намояндагони идораҳои марбутаи вазорат, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кормандони дигар вазорату мақомот иштирок намуданд.
Чорабиниро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, кулли собиқадорони ҷангу меҳнатро бо 73-юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳният гуфта, аз ҷумла иброз намуд: – “Ҳарчанд ки майдони набардҳои хунин аз Тоҷикистон ҳазорҳо фарсах дур буд, акси садои он дар ҳар деҳкадаи тоҷик ба гӯш мерасид. Ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кӯҳистон оилае ёфт намешуд, ки падар, бародар, фарзанд ё хешу ақрабояшро ба хотири ҳифзу озодии Ватан аз фашистони истилогар ба майдони ҷанг гусел накарда бошад. Мо ба корнамоию фидокории насли калонсол, ки ҷон дар каф Ватанро ҳимоя кардаанд, ҳамду сано мехонем ва дар назди ёди неку хотираи ҷовидонии онҳо сари таъзим фурӯд меорем. Бо ҳамин ниятҳои нек шумо – пирони корозмуда, собиқадорони ҷангу меҳнатро ба ифтихори иди Ғалаба табрику таҳният гуфта, ба ҳамаатон тани сиҳат, рӯзгори осуда ва сулҳу осоиши ҳамешагӣ орзу менамоям”.
Баъдан, Насим Олимзода – вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони ҷангу меҳнатро бо туҳфаҳои хотиравӣ мукоффотпулиҳо қадрдонӣ намуд.
Қобили қайд аст, ки дар чорабинӣ баҳри меҳмонон ва собиқадорони ҷангу меҳнат дастархони идона оро дода шуда буд ва барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ бо иштироки санъаткорону ҳунармандон ба чорабинӣ ҳусну таровати бештаре зам намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 694
  • 1,242
  • 949,714