Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор оид ба ВНМО ва роҳҳои пешгирии он конференсия баргузор шуд

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор оид ба ВНМО ва роҳҳои пешгирии он конференсия баргузор шуд
Декабр 02
13:16 2019

Дар Коллеҷи тиббии шахри Ҳисор  бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён дар мавзӯи «ВНМО ва роҳҳои пешгирии он» ва барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам ва бемории ғайримодарзодии норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 2010 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ тасдиқ шудааст, конференсияи илмӣназариявӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур омӯзгорону табибон дар мавзӯъҳои «Вафодорӣ- ин ҳимояи боэътимод аз сирояти ВНМО», «Роҳҳои пешгирии ВНМО», «Қонунҳо ва ҳифзи шаъну шарафи сироятёфтагони ВНМО» ва «Мубориза бар зидди ВНМО» маърӯза намуда, изҳор доштанд, ки саломатӣ манбаи асосӣ ва қисми ҷудонопазири мавҷудияти инсон мебошад.

Саломатӣ барои ҳар инсон сарвати бебаҳо ба ҳисоб рафта, ояндаи ҷомеа ба шахсияти солим вобаста аст. Айни ҳол ВНМО қариб дар тамоми мамлакатҳои дунё ба таври расмӣ ба қайд гирифта мешавад. То соли 2011  аз он 60 млн нафар сироят ёфта, дар ин солҳо  аз ВНМО 25 млн нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳар як дақика дар ҷаҳон на камтар аз 15 одам ба ВНМО сироят меёбанд.

Ин дар ҳолест, ки  1 декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО — ВИЧ/СПИД)-ро таҷлил намуд. Аввалин шахсони гирифтор ба ин беморӣ охири солҳои 80-уми асри гузашта дар Америка ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи  иттилои Созмони Милали Муттаҳид, соли  2018 шумораи гирифторони ин беморӣ  ба 37,9 миллион расидааст.

Ҳарчанд солҳои охир  афзудани бемории  Вируси норасоии масунияти одам    ва  табобатнашаванда будани он   боиси  ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида бошад ҳам, бино ба гуфти олимони соҳаи тиб   он идорашаванда мебошад.

СММ зарур мешуморад, ки барои пешгирӣ ва идора намудани ин беморӣ мамлакатҳоро мебояд барномаҳои милливу давлатӣ қабул ва тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Барои паст намудани хавфи сироят ва паҳншавии ин беморӣ бояд сатҳи дониши тиббӣ ва маълумотнокии одамонро баланд бардошт.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 599
  • 1,242
  • 949,619