Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бахшида ба 26-солагии ҲХДТ ҳамоиш доир гардид

Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бахшида ба 26-солагии ҲХДТ ҳамоиш доир гардид
Декабр 07
16:40 2020

7 декабри соли равон ба муносибати 26-солагии Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  ҳамоиш доир гардид, ки дар он собиқадорони ҲХДТ Сайфулло Сафаров,  Сафаров. З., Маҳмудзода М., роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ собиқадорони ҳизб ба минбари сухан баромада, доир ба таърих ва саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушду пешрафти Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Махсусан, зикр шуд, ки аз замони роҳбарии ин Ҳизбро ба уҳда гирифтани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеъи ҲХДТ дар ҳаёти сиёсии кишвар боз ҳам  устувор гардида, боварӣ ва эътимоди мардуми мамлакат ба он  даҳчанд афзуд.

Дар охири ҳамоиш ба 10 нафар кормандони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” шаҳодатномаи ҲХДТ тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ- сиёсӣ буда, фаъолияташ барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин, он ба таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 129
  • 854
  • 917,646