Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд

11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки беморхонаи минтақавӣ бо ҳадафи амалисозии сиёсати иҷтимоии Роҳбари давлат барои беҳсозии сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо тарҳи муосир сохта шудааст ва имкон дорад, ки ба 25 ҳазор аҳолии деҳоти Лоиқ Шералӣ, 4 деҳоти гирду атроф, сокинони ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ низ хизмат расонад.

Сохтмони иншоот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 3 сол қабл оғоз гардида, дар ҷараёни корҳои бунёди ин иншоот 200 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буданд.

Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, шуъбаҳои бемориҳои амрозӣ дарунӣ, ҷарроҳӣ, асабшиносӣ, таваллудхона, касалиҳои кӯдакона, озмоишгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои ташхисию табобатии он бо 100 кати хоб ва дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин мебошад.

Зимни шиносоӣ бо имконоти мавҷудаи бинои навсохт Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, масъулонро доир ба таъмини босифати сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва тарбияи ҷавонони соҳибихтисосу ботаҷриба вазифадор намуданд.

Бунёди дегхона ва пайваст намудани бино бо системаи гармидиҳӣ имкон фароҳам месозад, ки хизматрасонӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ба беморон бемушкилӣ сурат гирад.

Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шуъбаи ёрии таъҷилии беморхонаи минтақавӣ як мошини хизматӣ тақдим гардид.

Пас аз шиносоӣ бо шароити беморхона Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, тариқи маҷозӣ 5 иншооти нави тандурустиро ифтитоҳ намуданд.

Филиали Муассисаи давлатии маркази стоматологӣ дар маркази шаҳри Панҷакент, 3 маркази саломатӣ дар деҳаҳои Равот, Кӯҳдоман, Шӯрнова ва бинои иловагӣ барои беморони Муассисаи давлатии беморхонаи пӯст ва зуҳравӣ дар деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ, ҳамаи ин ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми сокинону соҳибкорон, дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бунёд шудааст, ки дорои шароити хуби хизматрасонӣ мебошанд.

Ифтитоҳи беморхонаи минтақавӣ дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳр… | Flickr

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз Маркази саломатии ноҳияи Мастчоҳ

Баргузории чорабинии васеи ташхису муоина ва машварати ройгони тиббии шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Аз фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар семоҳаи аввали соли 2026 натиҷагирӣ карда шуд

Қазоқистон. Боздид аз Маркази миллии татқиқотии онкологӣ

Табодули таҷриба бо мутахассиси варзида аз Британияи Кабир бо мақсади ба таври васеъ ба роҳ мондани усулҳои нави ташхиси муосири гистологии бемории гиршпрунг дар Тоҷикистон

Иқдоми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муаррифии тибби тоҷик дар арсаи ҷаҳон

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译