ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ: «Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон» таъсис дода шуд (АКС)

ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ: «Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон» таъсис дода шуд (АКС)
Январ 16
12:47 2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  рӯзи 26 декабри соли 2019 баргузор гардид, қайд намуданд, ки «Бо мақсади танзими раванди таъини нафақаи маъюбӣ ва пешгирӣ кардани пардохти нафақаҳои маъюбии беасос ҳоло дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” амалӣ шуда истодааст, ки тибқи он махзани ягонаи иттилоотӣ ва тартиби муосири баҳисобгирӣ таҳия гардида, то 6 моҳи минбаъда маълумоти дахлдор ба шабака гузаронида мешавад».

Дар партави Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати техникию молиявии Лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ”«Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон» таъсис дода шуд.

Ҷиҳати шиносоӣ ба фаъолияти маркази мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташриф овард.

Аснои шиносоӣ масъулин ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар иттилоъ доданд, ки айни замон ба “Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон” 20 нафар кормандони асосан дорои касбияти гуногун дар самти технологияи иттиллотӣ, омори тиббӣ ва кори иҷтимоӣ тариқи шартнома ба кор ҷалб карда шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар давоми 4 рӯзи аввали  фаъолият кормандони марказ ба махзани ягонаи электронӣ маълумоти зиёда аз 8 ҳазор маъюбонро ворид намудаанд.

Дар назар аст, ки ҳар моҳ на кам аз 25 ҳазор варақаҳои аз нав бақайдгирифташудаи шахсони маъюб ба махзани ягонаи электронӣ ворид карда шаванд.

Тибқи қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 3 январи соли ҷорӣ баргузор гардид, бақайдгирии пурраи маъюбон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби гуруҳҳои корӣ, ки дар ҳайати он асосан зерсохторҳои Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббии шаҳру ноҳияҳо шомил мебошанд, дар муддати 4 моҳ анҷом дода мешавад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи мазкур иброз  намуданд: «Ин тадбир имкон фароҳам меорад, ки маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудошаванда самараноку суроғавӣ истифода гардида, шахсони воқеан маъюб аз онҳо бархурдор бошанд».

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 12
  • 737
  • 1,242
  • 949,757