Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба баланд бардоштани сифати фаъолияти беморхонаҳо дар самти пешгирии фавти модар ва кӯдак баргузор гардид

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба баланд бардоштани сифати фаъолияти беморхонаҳо дар самти пешгирии фавти модар ва кӯдак баргузор гардид
Декабр 01
14:26 2021

Имрӯз, 1 декабри соли равон дар меҳмонхонаи Ҳилтони шаҳри Душанбе  ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба баланд бардоштани сифати фаъолияти беморхонаҳо дар самти пешгирии фавти модар ва кӯдак ва  расидан Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи тандурустӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов, шарикони рушд, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода зимни суханронии хеш иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар самти пешгирии фавти модар ва кӯдак дар кишвар тамоми чораҳои муҳим ва заруриро андешада, то имрӯз дар ин самт ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардидааст.

Махсусан, қайд гардид, ки дар самти баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба модар ва кӯдак дар кишвар як қатор лоиҳаҳо  босамар татбиқ шуда истодаанд, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори фаъолияти муассисаҳои тандурустии кишвар саҳми назаррас доранд.

Дар ҷаласа роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов низ баромад намуда, аз ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ, хосатан дар самти коҳиш додани фавти модар ва кӯдак мубодилаи афкор намуданд.

Дар идомаи ҷаласа як қатор мутахассисон вобаста ба паҳлуҳои гуногуни масъала баромад намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 722
  • 1,242
  • 949,742