Дастгирии иҷтимоии пиронсолон дар Тоҷикистон

Дастгирии иҷтимоии пиронсолон дар Тоҷикистон
Октябр 01
09:01 2021

Бахшида ба Рӯз байналмилалии пиронсолон 1-октябр доир ба вазъи шароити зисту зиндагонии  ин қишри ҷомеа дар Тоҷикистон бо Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбате оростем:

-Муҳтарам Қудратулло Қурбонов, лутфан бигуед, ки вазъи хизматрасонии иҷтимоии пиронсолон дар ҷумҳурӣ дар кадом поя қарор дорад?

– Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии пиронсолон, ба хусус таъмини дастрасии онҳо бахизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣдар баробари дигар масъалаҳои иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистонбашумормеравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи мазкур аҳамияти хоса дода мешавад. Асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони куҳансол тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ветеранҳо» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла пиронсолон як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва стратегияву барномаҳои давлатӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки низоми миллии қонунгузории кишварро ташаккул дода, ҳуқуқ, кафолат ва имтиёзҳоро барои пиронсолон вобаста ба табобату тавонбахшӣ, солимгардонӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, меҳнат, манзил, таъмини нафақаву кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаётан муҳим муқаррар намудаанд.

Дар ин раванд, таъминоти нафақа яке аз пардохтҳои кафолатдодашудаи давлатӣ маҳсуб меёбад, ки дар меҳвари сиёсати иҷтимоии мамлакат қарор дошта, мақсади асосии он дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон дар пиронсолӣ, маъюбӣ, маҳрум шудан аз саробон ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Қайд намудан зарур аст, ки дар ҷумҳурӣ дарозумрии эҳтимолӣ низ рӯ ба афзоиш дошта, дар соли 2020 он 75,6 солро ташкил додааст. Афзоиши дарозумрии эҳтимолии шаҳрвандон пеш аз ҳама ба рушди иқтисодии кишвар, аз ҷумла пешрафту тараққиёти соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста мебошанд. Аз тарафи дигар, афзоиши дарозумрии аҳолӣ – ин натиҷаи афзоиши сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум ба шумор меравад.

Дар низмои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри дар амал татбиқ намудани муқаррароти қонунгузории соҳавӣ як қатор муассисаҳо ва хадамоти иҷтимоӣ амал мекунанд, ки муассисаҳои статсионарӣ, марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолону маъюбон ва шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз қабили онҳо мебошанд.

Мутобиқи омори расмии кишвар дар айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз  436 ҳазор шаҳрвандони калонтар аз синнусоли меҳнатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 5% аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.

Тавре ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, “соли 2020 барои тақвият бахшидани дастгирии иҷтимоии нафақахӯрону маъюбон, кӯдакони ятим ва оилаҳои камбизоат як қатор чораҳои судманд роҳандозӣ гардида, ба зиёда аз 700 ҳазор нафар сокинон аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи беш аз 250 миллион сомонӣ кумакҳои иловагии иҷтимоӣ пардохта шуданд”.

Бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардид, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз овони кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад.

Нафақаи кӯдакони маъюби то 18 – сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад.

Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад.

Дар самти расонидани хитзматҳои иҷтимоӣ ба шаҳрвандоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта ва бештар осебпазиранд, дар миқёси ҷумҳурӣ 43 адад шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амал доранд, ки дар онҳо зиёда аз 820 нафар кормандон фаъолият карда, ҳамарӯза ба пиронсолону маъюбон хизмат мерасонанд. Чунончи, давоми 9 моҳи соли 2021 ба 5364 нафар пиронсолону маъюбон ва 901 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд хизматҳои  иҷтимоӣ- маишӣ, иҷтимоӣ-тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ, маслиҳатӣ, намояндагӣ ва роҳбаладӣ расониданд.

Сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоӣ аз бисёр ҷиҳат ба донишу малакаҳои роҳбарони ташкилоту муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ вобаста аст. Бинобар ҳамин ба 57 нафар роҳбарони шуъбаву бахшҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо ва 113 нафар кормандони иҷтимоӣ дар ҳаҷми 126 соат аз тарафи муассисаи давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо” курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар самти “хизматрасонии иҷтимоӣ” гузаронида шуданд.

Ҷиҳати ҳарчӣ бештар расонидани хизматҳои иҷтимоӣ ба пиронсолони яккаву танҳо, маъюбон ва  дигар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта дар мамлакат 6 адад марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ  фаъолият доранд, ки ҷамъ 230 нафар кормандони маъмурию иҷтимоии ин муассисаҳо давоми нуҳ моҳи соли равон ба 986 нафар пиронсолону маъюбон хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расониданд. Ҳоло дар марказҳои минтақавӣ 131 нафар эҳтиёҷмандон муваққатан умр ба сар мебаранд. Дар назди қисме аз ин марказҳо бахшҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона амал карда истодааст, ки  ба 826 нафар  эҳтиёҷмандон бевосита дар хонаҳояшон хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ  мерасонанд.

Тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 сол мешавад, ки дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ барои беҳтар намудани  сатҳу сифат  ва  камхарҷ гардонидани хизматрасониҳои  иҷтимоӣ  ташкилотҳои ҷамъиятӣ тибқи шартнома ҷалб карда мешаванд. Дар айни замон аз ҷониби вазорат тавассути Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ҷалби ташкилотҳои ғайридавлатӣ 48  адад марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ  таъсис дода шудаанд.

Аз ҷумла, 10 адад марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ба кӯдакони маъюб ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта фаъолият намуда, 131 нафар кормандон ба  143 нафар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расониданд.

Ҳамин тариқ, танҳо давоми 9 моҳи соли 2021 аз тарафи шабакаҳои  хизматрасонии иҷтимоии болозикр дар ҷумҳурӣ ба 6493 нафар пиронсолони яккаву танҳо ва маъюбон хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ ва тавонбахшии  ҷисмониву равонӣ расонида шудааст.

Дар мавсими истироҳатии навбатӣ, ки аз моҳи май оғоз гардида буд, дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоби миёна зиёда аз 1970 адад роҳхатҳои ройгон ба имтиёздорон ҷудо карда шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар самти кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат корҳои назаррас  ба анҷом расонида шуд. Чунончи, тибқи  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2021, №271 механизми таъин ва пардохти кумапулии унвонии иҷтимоӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ шуда истодааст.

Ба ҳолати  21 сентябри соли 2021 дар 68 шаҳру ноҳияҳо маълумоти  142 875 хонавода ба системаи иттилоотии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ (АСИСТ) ворид карда шуда, аз онҳо 121 712  хонавода ё оила барои гирифтани кӯмакпулии унвонии  иҷтимоӣ ҳуқуқ пайдо намуданд, ки аз ин шумора шахсони яккаву танҳои пиронсол 1739 нафарро ташкил менамоянд. Шумораи гирандагони кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар маҷмӯъ бо дарназардошти гирандагони соли гузашта 244 412 нафар (оила) мебошад.

Аз тарафи СММ 1 октябр – Рӯзи байналмилалии пиронсолон эълон шудааст. Оё дар ҷумҳурии мо ин сана қайд карда мешавад?

– Дар ҳақиқат 14 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ бо қарори худ таҳти №45/106 санаи 1 октябрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии пиронсолон (ё худ одамони калонсол –«International Day of Older Persons») эълом доштааст.

Дар яке аз маърӯзаҳои Котиби генералии СММ гуфта мешавад, ки дар Рӯзи байналмилалии пиронсолон, ки 1 октябр ҷашн гирифта мешавад, ҳукуматҳо, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамаи одамони сайёра бояд диққати худро барои бунёд намудани «ҷамъият барои ҳамаи синнусол» равона созанд… Бо ҷидду ҷаҳди умумӣ кишварҳо метавонанд ва бояд шароите фароҳам созанд, ки одамон на танҳо умри дароз бинанд, балки ҳаёти онҳо бо сифат, гуногунранг, пурарзиш ва қаноатмандона бошад.

Дар ибтидо Рӯзи пиронсолонро дар Аврупо, баъдан дар Америка ва дар охирҳои солҳои 90-ум аллакай дар тамоми ҷаҳон қайд менамоянд.

Ассамблеяи дуюм оид ба масъалаҳои пиршавӣ, ки соли 2002 дар Мадрид (Испания) баргузор гардид, ҷашни мазкурро дастгирӣ намуда, равандҳои асосии фаъолиятҳоро дар самти таъминоти иҷтимоӣ ва арзандаи одамон дар пиронсолӣ қайд намуд, ки аслан аз самтҳои зерин иборатанд:

– беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ;

– баланд бардоштани даромадҳо;

– тақвият бахшидани таъминоти иҷтимоӣ;

– бештар намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба калонсолони худ;

– таъмин намудани шуғли муносиб барои онҳое, ки қуввату тавон ва хоҳиши кор карданро доранд.

Дар ҷумҳурии мо ҷашни мазкур нахустин бор соли 1993 ҷашн гирифта шудааст. Он замон бо ташаббуси собиқ Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ, ба хусус дар тамоми муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва хадамоти хизматрасонии иҷтимоӣ чорабиниҳои алоқаманд гузаронида шуданд. Дар сатҳи маҳаллӣ бошад, барномаҳои дастгирии иҷтимоии пиронсолон «Ғамхорӣ» қабул гардида, амалӣ карда мешуданд.

Соли ҷорӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда ва бо риояи муқаррароти санитарию эпидемиологӣ дар ташкилоту муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла хонаҳои пиронсолон ва марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиронсолон чораҳои зарурӣ анҷом дода мешаванд.

Мақсад аз эълон доштани ҷашни мазкур пеш аз ҳама – ин ҷалб намудани диққати ҷомеа ба мушкилиҳои одамони куҳансол, ба масъалаҳои пиршавии аҳолӣ ва ҳамчунин баҳри пайдо намудани имкониятҳо ҷиҳати беҳтар намудани сифати зиндагии нафақахӯрон мебошад.

Чун қоида, пиронсолон гуфта одамонеро меноманд, ки ба синну соли нафақа расидаанд. Ғайр аз ин, чун анъана давраи пиронсолӣ асосан аз синни 75 сола боло фаҳмида мешавад.

Аз тарафи дигар, агар инсон солим бошад, тавонманду бардам бошад, қувваи кориаш бошаду фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок намояд, пиронсолӣ барои ӯ мафҳуми шартӣ ба ҳисоб меравад.

Дер ё зуд ҳама ба синни пирӣ мерасем ва ин ногузир аст. Аммо пиронсолӣ бартариятҳову афзалиятҳои худро дорад: ҳикмати кӯҳансолон, таҷрибаи ҳаётӣ, ҳурмати иззати ҷавонон ва ҳифзи иҷтимоии онҳо ин ҳама омилҳои фалсафаи пиронсолӣ мебошанд. Маҳз ҳамин омилҳо буданд, ки ҷашни мазкур ба вуҷуд омадааст.

  Таманниёти Шумо дар ин рӯз?

– Воқеан ҳам хеле рамзӣ аст, ки ҷашни 1 октябр – Рӯзи пиронсолон ба аввали моҳи октябр рост омадааст, зеро ки синну соли нафақа – ин «тирамоҳи заррини ҳаёт» ба шумор меравад. Бо самимияти хос ва эҳтироми бузург ҳамаи кӯҳансолони диёрро бо рӯзи идашон табрику таҳният мегӯем. Ба онҳо умри дарози босаодату саломатии бардавом орзу менамоем. Бигузор қалби онҳоро муҳаббати фарзандону набераҳо гарм нигаҳ дорад!

-Барои чунин як суҳбати ихтисосӣ ба Шумо изҳори миннатдорӣ баён менамоем.

moh.tj

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜன    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 776
  • 831
  • 719,142