ДАСТОВАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ: Маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз 956 ҳазор сомонӣ ба 2 миллиарду 350 миллиону 369 ҳазор сомонӣ расонида шуд

ДАСТОВАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ: Маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз 956 ҳазор сомонӣ ба 2 миллиарду 350 миллиону 369 ҳазор сомонӣ расонида шуд
Октябр 18
13:32 2021

Мусаллам аст, ки пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағгузорӣ вобастагии зиёд дорад. Дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ворид намудани шаклҳои нави маблағгузории  ба замони ҳозира мутобиқгашта, самти афзалиятноки соҳа эълон шудааст.

Бояд қайд кард, ки соҳаи тандурустии мамлакат дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ асосан аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ карда шуда, қисман дар асоси барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ дастгирӣ ёфтааст.

Дар ин росто, таъкид намудан ба маврид аст, ки буҷети соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар 30 соли истиқлолият аз 956 ҳазор сомонӣ ба 2 миллиарду 350 миллиону 369 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 1992-2458 маротиба зиёд  аст. Буҷети соҳаи тандурустӣ дар соли 2021 нисбат ба солҳои 2001 ва 2011 мутаносибан 105,8 ва 4,0 маротиба зиёд мебошад. Маблағгузории соҳа бошад, нисбати маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ назар ба солҳои 2001 ва 2011 мутаносибан 2,78 ва 1,25 маротиба зиёд шудааст. Хароҷот нисбати ҳар як нафар аҳолӣ дар соли 2021 242,1 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба солҳои 2001 ва 2011 мутаносибан 55,0 ва 3,0 маротиба зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат баҳри ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими соҳа ба, монанди Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2015, Нақшаи кутоҳмуддати байнисоҳавӣ барои солҳои 2006-2008 оид ба татбиқи «Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005-2015», ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи  тиббию санитарӣ, Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ, Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ, Дастурамали нави ягона ҷиҳати пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, Тартиби муқаррар намудани нархи хизматрасонии  тиббие, ки аз тарафи муассисаҳои хусусии тиббӣ расонида мешавад, Қонун «Дар бораи суғуртаи ҳатмии тиббӣ», “Нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти минбаъдаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018» ва “Нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» қабул шуданд.

Мақсади ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз таҳияи системаи устувор ва ҳамгироишудаи маблағгузории тандурустӣ дар асоси ҳаҷми афзояндаи маблағгузорӣ, бо тақсимоти баробари захираҳо ва афзоиши самарабахшии системаи тандурустӣ ҷиҳати таъмини дастрасии универсалӣ дар доираи барномаи кафолатҳои давлатӣ, беҳбуди ҳимояи аҳолӣ, махсусан гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ аз хавфҳои молиявӣ, беҳбудии дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, истифодаи судманд ва оқилонаи захираҳои соҳаи тандурустӣ ва таъмини омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ иборат мебошад.

Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки раванди ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар якҷоягӣ бо кӯмаки техникии донорҳо ва шарикон оид ба рушд, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, Бонки Умумиҷаҳонӣ, USAID, Агенти Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, ТУТ амалӣ шуда истодааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 13
  • 989
  • 887,367