Комиссияи тендерии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Ташкилоти харидор) довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмуни таъмири иловагӣ вобаста ба «Азнавсозии майдончаи варзишии мавҷуда, сохтмони майдончаҳои варзишии иловагӣ, бозии кўдакону наврасон ва ҷойҳои истироҳат, воқеъ дар кўчаҳои Шероз ва Бухоро назди биноҳои истиқоматии №10/1 ва 40 ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе» (Даъватномаи (ДИО) №016/17 аз 20 июли соли 2017), ки тариқи иштироки номаҳдуд гузаронида мешавад, даъват менамояд.
1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ оиди озмун метавонанд ба суроғаи Ташкилоти харидор: шаҳри Душанбе, кўчаи Шевченко 69 муроҷиат намоянд.
2. Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар лифофаҳои мўҳркардашуда, бо суроѓаи дар боло зикршуда, то соати 10.00 санаи 15 августи соли 2017 пешниҳод намоянд. Мўҳлати муқарраршуда мўҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодот қабул карда намешаванд.
3. Лифофаҳо бо пешниҳодоти тендерӣ аз ҷониби комиссияи тендерӣ соати 10.00 санаи 15 августи соли 2017 кўшода мешаванд. Намояндагони довталаб ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд.