Духтур гурӯҳи одамонеро номбар кард, ки ваксинаи зидди коронавирус шояд ба онҳо кумак накунад

Духтур гурӯҳи одамонеро номбар кард, ки ваксинаи зидди коронавирус шояд ба онҳо кумак накунад
Октябр 22
09:15 2020

Мушоҳида шудааст, ки дар вуҷуди одамони дорои норасоии масунияти бадан коркарди зарраҳои зидди уфунати коронавирус заиф аст ва ваксинаи зидди COVID-19 метавонад ба онҳо кумак накунад. Тавре ки АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ин изҳоротро вирусологи рус, доктори илмҳои тиббӣ, профессори Маркази илмии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалей Анатолий Алтштейн баён кардааст.

 Қаблан директори Маркази ба номи Гамалей Александр Гинтсбург чаҳор гурӯҳи одамонеро номбар карда буд, ки баъди ба бадани онҳо ворид намудани ваксинаи зидди коронавирус коркарди зарраҳои зидди уфунат (антителаҳо)  дар вуҷуди онҳо заиф аст.

«Пиронсолонро ба гурӯҳи алоҳида шомил намудаанд. Аммо, масалан, ман шахси солхӯрда ҳастам, бо ваксина эм шудам ва коркарди  зарраҳои зидди уфунат дар вуҷудам хуб аст. Ман як нафари дигарро мешиносам, ки 90 сол дорад ва дар вуҷуди ӯ низ коркарди  зарраҳои зидди уфунат хуб аст”, — чунин шарҳ дод ин изҳороташро Алтштейн зимни мусоҳиба бо URA.RU.

Вирусшинос шубҳа дорад, ки «майзадаҳо ва намояндагони гурӯҳҳои дигари номбаршуда (гурӯҳи Гинтсбург-шарҳи RT)» метавонанд ба мушкилоти коркарди  зарраҳои зидди уфунат дучор шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, ягона гурӯҳе, ки чунин ҳолат дар онҳо мушоҳида мешавад, ин шахсони гирифтори норасоии масунияти бадан мебошанд. Зикр карда шуд, ки ваксина «метавонад ба онҳо таъсир накунад».

«Одамон аз рӯи қобилияти коркарди  зарраҳои зидди уфунат аз ҳам фарқ мекунанд, аммо ба таври дақиқ ба гурӯҳҳо тақсим кардани онҳо хеле душвор аст. Ин на ба вазъи саломатӣ, балки ба хусусияти организм вобаста аст ва касе инро намедонад», — хулоса кард Алтштейн.

АКСИ:  YouTube

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 13
  • 989
  • 887,367