Фаъолияти шабонарӯзии муассисаҳои тандурустӣ пурзӯр мегардад

Фаъолияти шабонарӯзии муассисаҳои тандурустӣ пурзӯр мегардад
Июн 08
12:28 2020

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва табобати бемории коронавирус чораҳои мухталифро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла ситоде, ки дар назди вазорат таъсис дода шудааст, ҳамарӯза вазъи бистарикунонии беморон, таъминоти духтурон бо либосҳои ҳифозатӣ ва беморон бо доруворӣ, ба танзим даровардани нархи доруворӣ, ҷараёни муолиҷаи беморон, махсусан беморони вазнин ва дигар масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода шахсан худ ба беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ ташриф оварда, ҷараёни корҳоро мушоҳида ва назорат намуда, баҳри бартараф кардани камбудиҳо чораҳои мушаххас андешида истодааст.

Ҳамзамон, шаби 7 июни соли равон як қатор масъулини вазорат ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо фаъолияти онҳо  шинос шуданд. Аз ҷумла, корманди Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии вазорат  Алишер Саидзода аз марказҳои саломатии №2 ва 9-и шаҳри Душанбе дидан намуд.

Номбурда дар марказҳои саломатии мазкур бо табибон вохӯрӣ анҷом дода,  дар рафти он масъалаҳои пурзӯр намудани корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавируси нави КОВИД-19, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо маводҳои тиббӣ ва зиддивирусӣ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо мақсади пешгирии вируси мазкур мавриди баррасӣ қарор  дод.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 697
  • 1,242
  • 949,717