Гармшавии ҳарорати ҳаво

Май 12
09:52 2017

Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар рӯзҳои 12 то 15 май, ки ҳароати гармӣ то 41 дарача хоҳад расид, назоратро аз болои муассисаҳои хӯроки умумӣ, мағозаҳои фурӯши маҳсулоти зудвайроншаванда, муассисаҳои томактабиву мактабӣ пурзӯр намуда, ҳамаи шаҳрвандони кишварро даъват менамояд то дар ин рӯзҳо бе зарурат ба хусус дар айни гармии офтоб, аз соати 12 то 15 ба кӯча набароянд. Хадамот тамоми  сохторҳои худро вазифадор кардааст, ки дар ин рӯзҳо муассисаҳои томактабӣ ва мактабиро бо оби ошомидании хушсифат таъмин намоянд. Чун айёми  оббозӣ аллакай оғоз шудааст, назорат дар чойҳои махсусе, ки барои шиноварӣ муайян карда шудааст, пурзӯр  карда мешавад, зеро оббозӣ дар соатҳои гарми рӯз  тавсия дода намешавад. Ба нафароне, ки машғули корҳои саҳроӣ ҳастанд тавсия дода мешавад, ки ҳатман бо худ оби тозаи нӯшокӣ гиранд. Барои нигоҳ доштани вазъи мӯътадили бадан зарур аст рӯзе аз 1,5 то 3 литр об нӯшанд. Ҳавои гарм бештар ба кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад, аз ин рӯ фарзандони худро аз гаштугузори беҳуда дар зери офтоб нигоҳ доред.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 966
  • 1,242
  • 949,986