Хадамоти зиддиинҳисории Россия арзиши як вояи ваксинаи зидди коронавирусро баён намуд

Хадамоти зиддиинҳисории Россия арзиши як вояи ваксинаи зидди коронавирусро баён намуд
Октябр 07
15:58 2020

Арзиши як вояи ваксинаи зидди сирояти коронавирус дар Россия  аз 1000 рубл зиёд нахоҳад шуд. Дар ин бора роҳбари Хадамоти федералии зиддиинҳисорӣ Игор Артемев дар ҷаласаи мушовараи Қрим изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Мо мефаҳмем, ки нарх метавонад хеле баланд бошад, масалан, дар ҳудуди ҳазор рубл (тақрибан 131,54 сомонӣ бо арзиши асъор то 7 октябри соли 2020, шарҳи АМИТ «Ховар») барои як воя, зеро (ваксинаҳо) бо миқдори нисбатан кам истеҳсол мешаванд ва барои тавсеаи тавлидоти онҳо сармоя зарур аст», — гуфт Артемев.

Ба гуфтаи вай, нархномаи дору ҳанӯз муайян нашудааст, аммо дар оянда нархи воя коҳиш хоҳад ёфт. «Минбаъд нархи он танҳо то замоне коҳиш меёбад, ки нишондиҳандаҳо барои кишварҳои референтӣ пайдо шаванд», — зикр намуд раиси ФАС.

Ёдовар мешавем, ки нахустин ваксинаи зидди коронавирус- «Спутник V» дар ҷаҳон 11 август дар Россия сабти ном шуд. Истеҳсоли дору 15 август оғоз ёфт. Сипас ваксинаи дуюм сохта шуд. Ба ҳамин тартиб, ҳоло дар Россия ду ваксинаи зидди сирояти коронавирус санҷида мешаванд. Ваксинаи «Спутник V», ки онро маркази Гамалея коркард намудааст, моҳи август аз ҷониби Вазорати тандурустӣ тасдиқ шуд ва ҳоло дар тани ҳазорон нафар ихтиёриён санҷида мешавад. Баъди ба охир расидани марҳилаи сеюми таҳқиқот, ваксина ба муомилоти шаҳрвандӣ ворид мешавад.

Ваксинаи «ЭпидВакКорона» аз маркази вирусшиносии «Вектор» -и Новосибирск ҳоло озмоиши марҳилаи дуввумро сипарӣ намудааст. Моҳи октябр он бояд сабти ном шавад, сипас таҳиягарони он марҳилаи сеюми таҳқиқотро моҳҳои ноябр-декабр оғоз мекунанд.

Тавре ки роҳбари Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба ҳифзи саломатӣ Дмитрий Морозов иброз намуд, пеш аз ҳама, кормандони соҳаи тандурустӣ, кормандони муассисаҳои таълимӣ ва полис алайҳи COVID-19 эм карда мешаванд. Пас аз он  кормандони нақлиёт ва хӯроки умумӣ эм карда  мешаванд.

                                                                АКС: РИА «Новости

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 306
  • 989
  • 887,660