19 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б.Воҳидови вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси нави COVID-19 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа сардор ва аъзоёни ситод, роҳбарони марказҳои вилоятӣ, сартабибон, роҳбарони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Ҷаласаро сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода М.М. ифтитоҳ намуда, доир ба мавзӯъҳои баррасишаванда мухтасар суханронӣ намуд.
Дар идома ҳисоботи Сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Бояков Н.С. доир ба вазъи бемории COVID-19 дар вилояти Хатлон шунида шуд.
Ҳамзамон, дар кори ҷаласа фаъолияти марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуда, пас аз таҳлили масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.