Хатлон: Вохурӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ дар самти пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ

Хатлон: Вохурӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ дар самти пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ
Январ 22
09:50 2021

21 январи соли равон дар  маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар вохурии намояндаи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон дар самти пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ  доир гардид, ки дар он сардори раёсати тандурустӣ, роҳбарон ва директорони муассисаҳои тандурустии вилоят иштирок намуданд.

Мансур Олимзода, намояндаи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон зимни суҳбат бо роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоят иброз дошт, ки  мақсад аз вохурии мазкур пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ба шумор  меравад.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин  масъалаҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси нав COVID-19  низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта шуда, ҷиҳати ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, инчунин, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ низ ба роҳбарони муассисаи тандурустии вилоят дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 638
  • 1,242
  • 949,658