Ифтитоҳи Маркази тавонбахшии маъюбон дар шаҳри Душанбе (АКС)

Ифтитоҳи Маркази тавонбахшии маъюбон дар шаҳри Душанбе  (АКС)
Июн 15
16:18 2019

Имрӯз, 15 июни соли равон бо иштироки хонум Эмине Эрдуғон, ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, Вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Самангул Тағойзода ва дигар намояндагони расмӣ дар “Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии “Шифобахш” “Маркази тавонбахшии маъюбон” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Қобили зикр аст, ки маркази мазкур аз тарафи Сарраёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) бунёд гардидааст.

Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбари  кишвари Туркия ва Сарраёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА)  барои бунёди чунин як маркази замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо технологияи муосир дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, инчунин гуфт:

-Мо умедворем, ки садҳо нафар дар Тоҷикистон дар ин марказ саломатии худро барқарор хоҳанд кард. Ба истифода додани маркази мазкур намунаи хуби равобит миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Туркия мебошад- гуфт гуфт ӯ.

Эмине Эрдуғон, хонуми аввали Туркия  дар рафти суханронии худ аз таърихи муносибатҳои дӯстии ду халқ ёдовар шуда,  иброз намуд, ки  муносибатҳои дӯстонаи мо решаҳои таърихӣ доранд. Тоҷикистон дорои заминаи фарҳангӣ мебошад, ки он бо номи Мавлоно Ҷалолиддини Балкӣ алоқаманд аст. Арзиши умумии таърихӣ ва фарҳангии халқҳои ду кишвар барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Туркия муосидат хоҳад кард. Ӯ изҳори умед намуд, ки ба истифода додани ин марказ барои табобати маъюбон мусоидат хоҳад кард.

Гуфта шуд, ки дар маркази мазкур дар баробари расонидани хизмати тиббӣ ба  маъюбоне, ки аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба он муроҷиат мекунанд, гузаронидани табобати баъдиҷарроҳӣ ба бемороне, ки дар Шӯъбаи ортопедии Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии “Шифобахш”, Маркази ҷумҳуриявии раддодӣ ва осебшиносӣ бистарӣ шудаанд, низ ба на қша гирифта шудааст.

Лоиҳаи сохтмони Маркази тавонбахшии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила амалӣ гардида, дар марҳилаи аввали он бинои якошёна дар майдони 300 метри мураббаъ дар ҳудуди муайянгардида сохта шудааст. Дар марҳилаи дуюми Лоиҳа бошад марказ бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои замонавии тиббӣ барои тавонбахшии маъюбон муҷаҳҳазонида шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки сохтмони Маркази тавонбахшии маъюбон соли 2018 пас аз ба имзо расидани протокол миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА)  дар давоми як сол идома ёфта, айни замон мавриди истифода қарор мегирад.

Дар ин маркази замонавӣ физиотерапевтҳо ва эрготерапевтҳои касбӣ, ки дар самти тавонбахшии маъюбон дар хориҷи кишвар таълим гирифтаанд, ба кор ҷалб карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Сарраёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) аз соли 1995 ин ҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, то имрӯз дар самтҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, таҳкими идораҳои марказӣ ва маҳаллӣ, кӯмаки башардӯстона ва ғайра зиёда аз 300 Лоиҳа амалӣ гардонидааст.

????????????????????????????????????

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 672
  • 1,242
  • 949,692