Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: Аз ислоҳоти ҷиддӣ, то муваффақиятҳои назарраси соҳа

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: Аз ислоҳоти ҷиддӣ, то муваффақиятҳои назарраси соҳа
Январ 25
17:21 2023

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз  замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва то кунун ба масоили баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодааст. Махсусан, бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази диққати роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, дар ин давра баҳри таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар зина ба зина тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шудаанд.

Дар ин росто, қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамасола дар кишвар 25 январ ҳамчун Рӯзи касбии кормандони ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қайд карда мешавад. Бахшида ба ин сана бо директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳаким Холзода суҳбате оростем:

-Муҳтарам Абдулҳаким Холзода, бо истифода аз фурсати муносиб Шумо ва ҳамаи кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолиро бахшида ба иди касбиатон самимона табрику шодбош намуда, дар иҷрои вазифаи пурмасъулият, ки ҳадаф ва мақсади он хизмати содиқонаву софдилона ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ мебошад, барору комёбӣ таманно менамоем.

-Ташаккури зиёд. Ман низ ҳамаи кормандони бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатро ба иди касбиашон аз самими қалб муборакбод менамоям ва таманнои онро дорам, ки ҳамеша тансиҳату хотирҷамъ ва муваффақ бошанд.

Воқеан ҳам соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи хоса дошта, бо ташаббуси Пешвои миллат баҳри рушди он ҳамасола тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Президенти мамлакат ҳанӯз 23 январи соли 2015 зимни Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи мазкур чунин таъкид карда буданд: “Фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазир ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз доранд ва масъулони соҳа вазифадоранд, ки дар асоси таҳлили ҳаматарафа доир ба рафъи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд.”

Дар асоси вазифаҳои дар назди масъулони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, алалхусус самти хизматрасонии иҷтимоӣ гузоштаи Президенти кишвар, ҳамчунин тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ” аз 5 январи соли 2008, №359 қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 4 октябри соли 2013, №446, “Тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ” аз 13 декабри соли 2012, №724 ва “Дар бораи Тартиби хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муаваққатӣ, муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ, талабот нисбати кормандони муассисаҳои мазкур ва номгӯи хизматҳои пешниҳодшаванда” аз 4 октябри соли 2019, №489 фаъолияти муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ба роҳ монда шудаву тавассути дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол рушд ёфта, шумораи муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ низ зиёд гардидааст.

Дар маҷмуъ, метавон чунин хулоса кард, ки маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ дар мамлакат таъмин гардид.

-Лутфан бигуед, ки дар системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чӣ қадар муассиса мавҷуд аст?

-Айни замон дар номгӯи муассисаҳои системаи Агентӣ 11 муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла 7 муассисаи будубоши доимӣ (хона-интернатҳо) ва 3 истироҳатгоҳу 1 осоишгоҳ, 44 адад марказу шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 6 адад марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ шомил мебошанд.

Инчунин, барои  беҳтар намудани  сатҳу сифат  ва  камхарҷ гардонидани хизматрасониҳои  иҷтимоӣ  тибқи шартнома бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 53  адад марказҳои хизматрасонӣ  фаъолият доранд, ки  аз тарафи  ташкилотҳои ҷамъиятӣ  таъсис дода шудаанд.

-Фаъолият дар самти ташкили хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар муассисаҳои зертобеи Агентӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

-Ташкил ва ба низом даровардани фаъолияти муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои давлатии хона-интернатҳо ва осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ ба шумор рафта, бобати дар сатҳи зарурӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳои иҷтимоию тиббӣ ба бошандагон  чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Айни ҳол дар муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1199  нафар бошандагон, (нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 3 нафар кам) аз ҷумла 634 нафар мард, 461 нафар зан ва аз инҳо 104 нафарашон кӯдакони маъюб мебошанд. Маъюбони аз 18 сола болои  гуруҳи якум – 275 нафар, маъюбони гуруҳи дуюм-542 нафар, маъюбони гуруҳи сеюм – 8 нафарро дарбар мегиранд.

Бояд қайд намуд, ки дар муассисаҳои будубоши доимии соҳа 14 нафар ятими кул, 35 нафар нимятим ва аз оилаҳои камбизоат 86 нафар дар таъминоти давлатӣ қарор доранд.

Ҳамзамон, дар доираи муқаррароти моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандҳои якум ва дуюми  моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” соли 2022-106 нафар бошандагони муассисаҳои будубоши доимӣ ва марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбон ба муҳити оилавӣ баргардонида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  21  нафар зиёд мебошад.

Ба бошандагони муассисаҳои будубоши доимии зерсохтори Агентӣ  709  нафар кормандон хизмат мерасонанд, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ” 5 намуди хизматрасониҳои иҷтимоиро (хизматрасониҳоии иҷтимоии маишӣ, тиббӣ, равонӣ, педагогӣ ва ҳуқуқӣ) ба бошандагон пешниҳод менамоянд.

Дар доираи хизматҳои иҷтимоии маишӣ ба бошандагони муассисаҳо хизматҳои иҷтимоию маишии хусусияти инфиродӣ ва беҳдоштӣ дошта, омода ва пешниҳоди ғизо, доир намудани барномаҳои фарҳангию фароғатӣ,  муҳайё намудани шароити ба муҳити оила наздиккардашуда, харидорӣ ва дастрас намудани маҳсулоти  ниёзи аввалия,  ташкили хизматрасониҳои маросимӣ, таъмин бо рахти хоб, лавозимоти рахти хоб ва ғайраҳо саривақт расонида мешаванд.

Бо мақсади ба иҷро расонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби бошандагони хона-интернатҳо  ба китобхонӣ тадбирҳои махсус андешида шудаанд. Айни замон дар ҳамаи хона-интернатҳо  китобхонаҳо мавҷуд мебошанд, ки дар онҳо барои мутолиаи бошандагон 20655 адад китобҳои  бадеӣ мавҷуд буда, инчунин пайваста чорабиниҳои маърифатӣ  баргузор мегарданд.

-Соли 2022 дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти ободонию созандагӣ чӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд?

-Бо мақсади идомаи корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла таъмири биноҳо, сохтмони иншооти ёрирасон, корҳои беҳдоштии дохили муассисаҳо, ба тартиб даровардани ҷуйборҳои обгузар, нармкунии заминҳои наздиҳавлигӣ, обод намудани гулгаштҳо дар роҳравҳо ва саҳни ҳавлии назди биноҳо, шинонидани гулҳои мавсимӣ, тозагии кулли роҳравҳои байни шуъбаҳои муассисаҳо, риояи қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор ва санитарию эпидемиологӣ, тоза кардани гирду атрофи муассисаҳо дар ин давра як қатор корҳои назаррас ба итмом расонида шуданд.

Махсусан, дар Муассисаи давлатии «Хона- интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода» роҳравҳои шуъбаҳои 1 ва 2-юми муассиса аз таъмир бароварда шуда, дар ҳудуди заминҳои муассиса 9 бех дарахти зардолу, 9 бех дарахти шафтолу, 9 бех дарахти хурмо ва 4 бех дарахти гелос шинонида шуд. Инчунин, дар толорҳои нишасти шуъбаҳо ба масоҳати 84 метр  пардаҳои куҳна ба нав иваз карда шуданд. Роҳравҳои шуъбаҳои 1-ум ва 2-юм ва шуъбаи барҷомондагон аз таъмири косметикӣ бароварда шуданд. Дар пайваст ба ин, таъмири ҷории беседкаҳои дар саҳни ҳавлӣ будаи муассиса ба итмом расонида шуд.  Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ 2 адад телевизор барои бошандагон, 2 адад мошинаи ҷомашуйӣ, 2 адад таҷҳизоти обгармкунӣ (термекс), 1 адад яхдон ва 1 адад мошинаи дарздузӣ харидорӣ ва ба муассисаи мазкур дастрас карда шуд.

Ҳамин гуна корҳои ободониву созандагӣ дар Муассисаи давлатии “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони н. Ёвон”, “Муассисаи давлатии “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ш. Панҷакент”, “Муассисаи  давлатии «Маркази  ҷумҳуриявии  тавонбахшӣ  ва  будубоши  доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кушониён”, “Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳии ш. Ҳисор”, Муассисаи  давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳии ноҳияи Восеъ” ва дигар муассисаҳои зерсохтори Агентӣ ба анҷом расонида шуданд.

Боварии комил дорем,  ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рушди минбаъдаи соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар таъмин карда шуда, мушкилоту камбудиҳои мавҷудаи соҳа роҳи ҳалли худро меёбанд.

Дар навбати худ, роҳбарият ва кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат тадбирҳои судманд андешида, дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ саривақт ва бо сатҳу сифати баланд иҷро намоянд.

         -Барои чунин як суҳбат ба Шумо изҳори сипос менамоем ва ба фаъолияти минбаъдаи кориатон барору муваффақиятҳои нав ба навро таманно дорем.

 

Суҳбаторо ХУСРАВ Шосаидзода

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 100
  • 989
  • 887,454