Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии “Маркази байналмилалии молиявии Остона”

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии “Маркази байналмилалии молиявии Остона”
Июл 07
08:33 2018

6 июли соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар муаррифии “Маркази байналмилалии молиявии Остона” иштирок карданд.

Дар маросими муаррифии “Маркази байналмилалии молиявии Остона” Сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков иштирок намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти давлату ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати 20 — умин солгарди ба шаҳри Остона додани мақоми пойтахт ва ифтитоҳи “Маркази байналмилалии молиявии Остона” табрик гуфта, ба давлат ва халқи ин кишвари дӯст шукуфоию пешрафт орзу намуданд.

Ташкили Маркази байналмилалии молиявӣ дар Остона, қадами муҳим барои таҳияи механизмҳои пешрафтаи таъмини молиявии рушди минтақавӣ мебошад. Таъсиси Марказ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ширкатҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати рушду пешрафти иқтисодиёти кишварҳои минтақа, муҳим арзёбӣ карда шуд.

Дар ояндаи наздик марказ метавонад ҳамчун як инфрасохтори муҳимму воқеии молиявӣ барои рушду пешрафти кишварҳои минтақа саҳми муносиб гузорад.

Incorrect URL attribute defined

khovar.tj

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 13
  • 740
  • 1,242
  • 949,760