Иштироки табибони ҷавон дар форуми байналмилалии ҷавонони иттиҳоди давлатҳои мустақил таҳти унвони “Ояндаро бо ҳам месозем”

Иштироки табибони ҷавон дар форуми байналмилалии ҷавонони иттиҳоди давлатҳои мустақил таҳти унвони “Ояндаро бо ҳам месозем”
Июн 21
14:00 2021

Имрӯз, 21 июни соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими расмии кушодашавии форуми байналмилалии ҷавонони иттиҳоди давлатҳои мустақил таҳти унвони “Ояндаро бо ҳам месозем” баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонон аз кишварҳои ИДМ иштирок намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз 19 то 26 июни соли 2021 дар доираи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Шӯрои миллии кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва эълон гардидани шаҳри Душанбе-пойтахти фарҳангии ИДМ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии ҷавонон таҳти унвони “Ояндаро бо ҳам месозем” идома меёбад.

Баргузории Форум имкони татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон, мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ байни ҷавонони тоҷик бо дигар халқиятҳои олам, муаррифии таърих, фарҳанг ва осори пурғановати миллати тоҷик ва имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, дар форуми мазкур намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе иштирок доштанд ва дар идомаи Форум иштирокчиён аз мавзеҳои таърихию сайёҳии шаҳри Душанбе, минтақаи Ҳисор ва шаҳри Ваҳдат бозидид менамоянд.

Бояд гуфт, ки дар ин форум 20 нафар табибони ҷавон бо роҳбарии  Бобоҷон Сафаралиев, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 636
  • 1,242
  • 949,656