Кӯмаки маводҳои тиббии Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ

Кӯмаки маводҳои тиббии  Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ
Май 18
13:42 2020

Имрӯз, 18 майи соли равон Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон 13 тонна маводҳои тиббии заруриро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бар зидди COVID-19 дастрас намуданд.

Ин маводҳо аз таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ, аз ҷумла 36250 либоси муҳофизатӣ, 40320 ниқобҳои тиббӣ ва 720 ҳароратсанҷ иборат мебошанд. Маводҳои зерин тақрибан 30 фоизи (умумӣ 64 тонна) таҷҳизотҳои маслиҳатшудаи дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯбаи барномаи  вокуниши таъҷилии Тоҷикистон бар муқобили коронавируси нави COVID-19 мебошад, ки аз ҷониби Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) татбиқ карда мешавад.

Тамоми маводҳо дар асоси рӯйхат аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ шуда, мустақиман ба муассисаҳои интихобшудаи тиббии кишвар дастрас карда мешаванд.

Дар маросими супоридани маводҳои мазкур муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саида Умарзода, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Хонум Мэрлин Ҷозефсон, муовини намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Хонум Зайнаб Ал-Аззавӣ иштирок намуданд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти вазорат ба Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон барои чунин дастгирӣ изҳори сипос намуда, кӯмакҳои навбатиро идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати кишвар бо Иттиҳоди Аврупо ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Хонум Мэрлин Ҷозефсон, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон  гуфт, ҳоло вақти ҳамкорӣ ва якдилӣ аст, чун сироят миёни одамон табъиз ва сарҳадҳоро эътироф намекунад.

-Иттиҳоди Аврупо ҳамчун яке аз донорҳои пешсафи дастгирикунандаи низоми тандурустӣ дар Тоҷикистон  кӯмаки хешро ҷиҳати мубориза бар зидди коронавируси нави COVID-19 ба кишвар самти афзалиятноки  хеш муайян кардааст,-афзуд ӯ.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 12
  • 737
  • 1,242
  • 949,757