Корҳои таъмирӣ дар марказҳои саломатии деҳоти ноҳияи Зафаробод дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ»

Корҳои таъмирӣ дар марказҳои саломатии деҳоти ноҳияи Зафаробод дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ»
Октябр 24
15:30 2022

Корҳои таъмириву азнавсозӣ дар як қатор муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббиву санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ дар доираи фаъолияти Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд.

Маврид  ба тазаккур аст,   ки то ба соли 2021  татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар 10 ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд;  Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён ва Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ амалӣ гардида, дар замина корҳои назарраси ҳамгуфте пиёда шуд, вале аз оғози  соли 2021 фарогирии татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ афзоиш ёфт ва 6 ноҳияи   нави таҷрибавии ҷумҳурӣ; Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, инчунин ноҳияи  Дарвози ВМКБ шомил гардонида шуданд.

Имрӯзҳо дар марказҳои саломатии 6 ноҳияҳои дар соли 2021 таҳти сарпарастии Лоиҳа қарор гирифта корҳои таъмирӣ бомаром идома доранд, ки таъмири кулии 4 маркази саломатӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд аз зумраи онҳо маънидод мегардад.

Ҳамин аст, ки чанде  қабл намояндагони Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ»  бо ҳадафи ошноӣ пайдо намудан аз вазъи   корҳои таъмирии марказҳои саломатии деҳоти Ҷомӣ, Зарафшон, Ҳомид Алиев ва Бахти ноҳияи Зафаробод дидан намуда, дар зимн бо аҳолии маҳалҳо, ҷиҳати дарёфти дархосту пешниҳодот дар низоми хизматрасонии тиббӣ вохӯриҳо гузарониданд.

Зимни боздид мушоҳида гардид, ки корҳои таъмирӣ дар марказҳои саломатии  деҳоти Ҷомӣ, Зарафшон, Ҳомид Алиев ва Бахти ноҳияи Зафаробод бомаром идома дошта, таи рӯзҳои наздик мавриди  истифода қарор хоҳанд гирифт.

Маврид ба тазаккур аст, ки баъди аз таъмири куллӣ бароварда шудан,  марказҳои саломатии ноҳияҳои таҷрибавӣ  аз ҷониби  Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ»  бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ аз қабилӣ;    таҷҳизоти лабараторӣ, ЭКГ, асбобҳои хурди хирургӣ, ҳуҷраи занона, ҳуҷраи хатна ташкил ва таъмин карда мешаванд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар боқимонда марказҳои саломатии ноҳияҳои мазкур таҳти сарпарастии Лоиҳаи мазкур корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки он таҳти сарпарастии Бонки умумиҷаҳонӣ аз соли 2013 инҷониб бо ҳадафи  такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар муассисаҳои тиббии деҳоти 16 ноҳияҳои таҷрибавии  вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияи Файзободу Дарвоз,  бо ҳамбастагӣ дар такмили иқтидори кадрӣ, ҳолати инфрасохтор ва заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС фаъолият мебарад аз зумраи лоиҳаҳои муваффақ дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба шумор меравад.

 

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 290
  • 1,242
  • 949,310