Табибони Тоҷикистону Эрон як қатор амалиётҳои мураккаби ҷарроҳиро анҷом доданд

Апрел 25
08:31 2024
Табибони Тоҷикистон ва Эрон дар самти гузаронидани амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ табодули таҷриба намуданд.
Дар доираи сафари кории як гурӯҳ табибони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон табибони ду кишвар дар самти амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ дар бахшҳои онкологӣ ва асаб табодули таҷриба намуданд.
Аз ҷумла имрӯз Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо иштироки ректори Донишгоҳи илмҳои тибби шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон Воҳид Ҳусейнӣ ва табибони тоҷик ба тариқи эндоскопӣ амалиёти ҷарроҳии онкологӣ гузаронида шуд.
Бояд гуфт, ки чунин амалиёти ҷарроҳӣ дар бахши анкологӣ яке аз амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ ба шумор меравад.
Инчунин, давоми рӯз бо иштироки табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” амалиёти ҷарроҳии асаб ба тариқи эндоскопӣ низ гузаронида шуд.
Ҳадаф ва мақсади ба роҳ мондани табодули таҷриба бо табибони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ин кишвар дар бахшҳои ҷарроҳӣ дар ҷаҳон шуҳрат дорад, боз ҳам васеъ ба роҳ мондани чунин амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ дар соҳаи тибби мамлакат мебошад.
Дар муассисаи мазкур ҳайати меҳмонон бо табибони тоҷик дар самти ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат гуфтугӯ анҷом дода, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар ин самт иброз доштанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 855
  • 989
  • 887,220