КОРОНАВИРУС. АЗ МУБОРИЗАИ БОСАМАР ТО СУДУРИ ФАРМОНЕ, КИ КОМИ НАҲЗАТИҲОРО ТАЛХ КАРД

КОРОНАВИРУС. АЗ МУБОРИЗАИ БОСАМАР ТО СУДУРИ ФАРМОНЕ, КИ КОМИ НАҲЗАТИҲОРО ТАЛХ КАРД
Июл 10
07:00 2020

Имрӯзҳо давлату миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат бо коронавирус мубориза мебарад ва бояд қоил шуд, ки ин мубориза босамар ҷараён дорад. Аммо, мутаассифона, ин бадбахтӣ, ки кулли давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, аз ҷониби наҳзатиҳо ва дигар гурӯҳҳои фурсатталаби ифротӣ ҳамчун пайки шодӣ қабул шуда, аз он истифода бурдан мехоҳанд.
Ин тафриқаангезон бо истифода аз COVID-19 низ боз мехоҳанд, ки садо баланд кунанд, то садои гӯшхарошашонро касе ба инобат гирад, боз худро маълӯлу мискин вонамуд созанд. Аммо фаромӯш кардаанд, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон рӯзҳои аз ин ҳам сахттарро, ки бо «марҳамат» – и ҳамон фурсатталабон омада буд, пушти сар кардаанд ва ин имтиҳонро низ сарбаландона мегузаранд.
Ба ростӣ, навиштаҳои ғаразноки ин нафаронро мехониву агар аз асли воқеа хабардор набошӣ, фикр мекунӣ, ки коронавирус танҳо дар Тоҷикистон қадам мезанад. Далелҳои аблаҳонаи овардаи онҳо тарзе нигошта шудаанд, ки гӯё дар давлатҳои абарқудрати дунё вобаста ба ин беморӣ муаммое нест.
Ҳоли Амрикову Россияву давлатҳои пешсафи Аврупову Чинро гӯё намебинанд. Аз Эрону Афғонистон, Покистону Ҳиндустон, кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ ҳарфе ба забон намеоранд. Ба нигоштаи онҳо гӯё танҳо Тоҷикистон дар раҳи мубориза бо коронавирус муаммо дошта бошад.
Хабарҳои умедворкунандаро вобаста ба муолиҷа ёфтани беморон ба забон намеоранд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расондани ёрии аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.
Ҳамагон шоҳидем, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои саривақтии бесобиқаро дар роҳи мубориза бо коронавирус роҳандозӣ кардаанд. Дар як муддати кӯтоҳ ташкил намудани беморхонаҳо ва марказҳои ихтисосии муваққатӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо, ташкил намудани хатсайрҳои алоҳида оид ба таъмини маводи доруворӣ ва дастгоҳҳои зарурӣ, либоси дахлдор ва дигар маводҳо, аз ҷумлаи чунин иқдомҳо мебошанд. Ҷиҳати  пешгирӣ аз ин намуди беморӣ аз ҷониби Ҳукумат як қатор корҳои назаррас ба анҷом  расонда шуд. Ба имзо расидани Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии  COVID-19  ба соҳаҳои иҷтимою иқтисодии  Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  ки 5 июни соли 2020, № 1554 қабул гардид,  ин худ як нишонаи дастгирии  табақаҳои гуногуни ҷомеа вобаста  ба намудҳои гуногуни фаъолияташон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат мебошад. Ҳамзамон, ба тамоми шаҳру ноҳияҳо равон намудани корвони кумак бо маҳсулоти озуқа ва дорувории зарурӣ ба мардум иқдоми саривақтӣ  буд.
Бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ тадбирҳои зарурӣ   ҷиҳати сохтмони беморхонаҳои  сироятии  дорои ҳамаи шароитҳо амалӣ гардида истодаанд.
Сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар, робитаи пайваста бо роҳбарони минтақаҳо, пайваста бохабар будан аз набзи ҷомеа, сари вақт дастрас намудани дорувориву воситаҳои тиббӣ, овардани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар чанде аз кишварҳои дунё бо сабаби манъи парвоз бозмонда буданд, исботи ватандӯстиву раиятпарварии Пешвои миллат мебошад.
Боиси таассуф аст, ки дар ин рӯзҳои мушкил боз ёфт мешаванд савдогароне, ки бо пеша кардани ҳаннотӣ худро ба фурсатталабони номбурда баробар месозанд. Ба ин гуфтаҳо болоравии нархро дар бозору дорухонаҳо мисол меоварем, ки як муддат мардумро ба таҳлука андохт. Ин ҳаннотон фаромӯш сохтаанд, ки амали беинсофонаю ғайриинсониашон ҷараёни мубориза бо паҳншавии коронавирусро сусттар мегардонад.
Агар он фурсатталабон аз Аврупо истода ба сарзамини покамон санг меандохта бошанд, дар дохил ҳаннотоне пайдо шудаанд, ки рафторашон аз онҳо қариб, ки фарқе надорад. Фурӯшандагони доруву дармон, маҳлули  антисептикиву ниқобу дастпӯш, ҳазориспанду сирпиёз, картошкаву пиёз бо истифода аз вазъи ҳассоси замони аввали паҳншавии коронавирус пайи ба даст даровардани фоидаи муфту барзиёд шуданд.
Хушбахтона, чорабиниҳои густурда ва ба таҳлилҳои воқеӣ асосёфтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурҳои Сарвари давлат пеши роҳи инро ҳам гирифта, бо таъмин намудани бозори дохилӣ бо маводи зарурӣ дар ҳаҷми дахлдор, инчунин, баланд бардоштани рӯҳияи мардум сабаб шуданд, ки имрӯзҳо, аллакай бозори дохилии кишвари азизамон аз маводи ғизоии истеҳсоли худӣ ва дорухонаҳо аз маводи зарурӣ бо нархи дастрас кифоягӣ мекунад.
Дасти ёрии соҳибкорони бонангу номус, хизматчиёни ватандӯст ва кормандони соҳаҳои гуногун ба беморон ва табибон рӯҳияи мардумро дар роҳи дарки якҷоя амал кардан ва ваҳдату ягонагӣ даҳчанд кард. Дар ин роҳ вакилони Маҷлиси намояндагон низ дар ҳавзаҳои интихоботии худ ва дигар минтақаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва кумакрасониву таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо маводи зарурӣ саҳми арзанда доранд.
Зимни таҳияи матлаби мазкур хулосаеро барои он беҳтар аз фармудаи Пешвои муаззами миллат дарнаёфтем: «Вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошем. Мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем. Дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад».
Бале, ҳушёр аз овозаву ҳангомаи бадхоҳони кишвар бошем, босабру шукргузор аз вазъи имрӯза буда, дар ваҳдату ягонагӣ исбот созем, ки ҳеҷ кадоме аз тафриқаангезону чоплусон, ҳеҷ гуна ҳангоматалабону ҷудоихоҳон ва ҳеҷ гуна мушкиливу имтиҳонот сари мардуми тоҷикро паст накардаанду наметавонанд кард.

Бахтовар САФАРЗОДА,
Солеҳа ХОЛМАҲМАДЗОДА,
вакилони Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 693
  • 1,242
  • 949,713