Кумакпулии иҷтимоии якдафъаинаи фаврӣ ва гурўҳҳои аҳолие, ки ба гирифтани он ҳуқуқ доранд

Кумакпулии иҷтимоии якдафъаинаи фаврӣ ва гурўҳҳои аҳолие, ки ба гирифтани он ҳуқуқ доранд
Июн 20
14:15 2020

Мусоҳиба бо Абдулҳаким Холзода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби таъин ва пардохти кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони то синни 3- сола доранд.

-Муҳтарам Абдулҳаким Холзода,  бинобар муроҷиати зиёди шаҳрвандон лутфан бигӯед, ки кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба киҳо ва ба кадом андоза дода мешавад?

-Кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 3 сола, ки дар давраи паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 аз нуқтаи назари амнияти иҷтимоӣ ва озуқаворӣ осебпазир мегарданд, таъйин ва пардохт карда мешавад.

Бояд гуфт, ки маблағгузории  кумакпулии иҷтимоии якдафъаина аз ҳисоби манбаъҳои иловагии сармоягузории давлатӣ тибқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ дар доираи амалисозии  Лоиҳаи грантии фавқулоддаи муқовимат ба бемории COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба андозаи 500 (панҷсад) сомонӣ ба як оилаи камбизоате, ки дорои кӯдакони то синни 3-сола (аз 0 то 36 моҳа) мебошад, як маротиба ҳамчун дастгирии иҷтимоии иловагӣ аз тарафи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад.

-Лутфан бигӯед, ки барои чӣ танҳо чунин оилаҳо?

-Чуноне ки огоҳӣ доред, бемории коронавируси нави COVID-19 тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла  дар ҷумҳурии  мо низ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи паҳншавии он вазъи иқтисодии кишвар, низоми содироту воридоти молу маҳсулот, бахусус молҳои ниёзи аввалиндараҷаи мардум ва озуқаворӣ нисбатан коста гардиданд. Дар натиҷа ин омил ба болоравии арзиши баъзе маҳсулоти ниёзи аввал оварда расонид, ки  дар натиҷа қобилияти истеъмолии қишри ниёзманди аҳолӣ хеле маҳдуд гашт.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, аз норасогӣ ё камистеъмолии ғизо пеш аз ҳама оилаҳои камбизоат, ки кӯдакони хурдсол доранд, бештар осеб расонида,  ба рушди ҷисмонӣ ва равонии кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар  ин, аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 3 солаи мамлакат барои гирифтани кумакпулии иҷтимоии якдафъаина тавсия дода шуданд.

Ҳамаи он оилаҳое, ки кӯдакони то 3 сола доранд, ба гирифтани кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ҳуқуқ доранд?

– Тибқи тавсияҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ба кумакпулии иҷтимоии якдафъаина танҳо оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 3 сола (аз 0 то 36 моҳа) ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки агар онҳо дар махзани ягонаи системаи иттилоотии Агентии давлатии ҳифзи иҷимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун гирандаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба қайд гирифта шуда бошанд.

Оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то 3-солаи 28 шаҳру ноҳияҳое, ки тибқи ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 дар онҳо механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ аз 1 июли соли 2020 ҷорӣ карда мешавад, баъди ба онҳо таъйин гардидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба рӯйхати пардохти кумакпулии яквақтаинаи фаврии иҷтимоӣ дохил карда мешаванд. Пардохти кумакпулии мазкур ба чунин оилаҳо дар моҳи минбаъдаи ба  амал даромадани қарори мазкур анҷом дода мешавад.

-Агар кӯдак шаҳодатномаи таваллуд надошта бошад, пас, волидонаш чӣ кор бояд кунанд?

-Новобаста аз он, ки оилаҳо кӯдаки  то 3 сола доранд ва дар системаи иттилоотии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба қайд гирифта нашуда бошанд, ба кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ҳуқуқ пайдо намекунад.

Агар дар натиҷаи баҳогузории вазъи зиндагии хонавода оила ҳамчун оилаи камбизоат ба кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ пайдо намояд ва дар баробари ин кӯдаконашон шаҳодатномаи таваллуд надошта бошанд, пас барои гирифтани  кумакпулии иҷтимоии яквақтаина волидони кӯдакро зарур аст, ки ба таври таъҷилӣ онро тибқи қоидаҳои амалкунанда дар мақомоти ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта, шаҳодатномаи таваллуди фарзандашонро ба бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр ё ноҳияи ҷои истиқомати хеш пешниҳод намоянд.

Дар натиҷа мутахассиси коргузорӣ оид ба кумакҳои унвонии иҷтимоии бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тағйироти заруриро ба махзани маълумотҳо дохил менамояд ва оилаи камбизоат барои гирифтани кумакпулии болозикр ҳуқуқ пайдо намуда, ҳамин тавр пардохти кумакпулӣ моҳи дигар анҷом дода мешавад.

-Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба кӣ расонида мешавад ва тартиби гирифтани он чӣ гуна аст?

Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба он оилаҳое таъйин ва пардохт карда мешавад, ки дар ҳолати душворӣ зиндагӣ қарор дошта, имконияти аз ин ҳолат мустақилона баромаданро надоранд. Барои гирифтани кумакпулӣ сардори оила ба унвони бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ё ноҳияи ҷои истиқомати хеш муроҷиат намуда,  ҳуҷҷатҳои зеринро ба ҷамоати шаҳраку деҳот ё идораи (қитъаи) истифодабарии манзилию коммуналӣ ва ё кумитаи маҳали ҷойи истиқомати хеш месупорад:

– ариза дар бораи тайъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ;

– маълумот дар бораи даромад ва молу амволи  аъзои оила;

– маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи шахси муроҷиаткунанда;

-нусхаи шиносномаҳои шаҳрвандии аъзои калонсоли оила, шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак, инчунин, ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба  маъюбият (агар чунин шахсон дар ҳайати оила бошанд).

Бояд гуфт, ки ҳуҷҷатҳои номбурда аз ҷониби ҷамоати шаҳраку деҳот ё идораи (қитъаи) истифодабарии манзилию коммуналӣ ва ё кумитаи маҳали ҷойи зисти доимӣ ройгон дода мешаванд.

Дар ин росто, мехоҳам зикр намоям, ки кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 3 сола  танҳо як маротиба, дар давраи паҳншавии  бемории COVID-19 таъйин ва пардохт карда мешавад.

-Мақоми татбиқкунандаи кумакпулии унвонии иҷтимоии якдафъаина  кадом вазорат ё идора маҳсуб меёбад?

-Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мақоми татбиқкунандаи механизми таъйин ва пардохти кумакпулии иҷтимоии якдафъаина маҳсуб ёфта, ҳамзамон,  ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар раванди татбиқи механизми мазкур, маъмурикунонии махзани системаи иттилоотии гирандагони кумакпулиҳои иҷтимоиро барои пардохт, гузаронидани мониторинги рафти тадбиқи он дар шаҳру ноҳияҳо анҷом медиҳад.

-Ташаккур барои суҳбат!

Moh.tj

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 44
  • 989
  • 887,398