Курси Флагманӣ дар Душанбе шурӯъ шуд

Курси Флагманӣ дар Душанбе шурӯъ шуд
Сентябр 25
13:02 2017

Имрӯз дар шаҳри Душанбе курси Флагманӣ, ки онро курси Барселонӣ низ меноманд, ба кор шурӯъ кард. Курси мазкур давоми  панҷ рӯз ба кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, аз ҷумла роҳбарони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо,  хадмотҳои назоратии соҳа, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва сохтори госпиталӣ нозукиҳои  маблағгузориро дар соҳаи тандурустӣ меомӯзонад. Чунин курсҳо, ки аслан ҳамасола дар Барселона доир мегарданд, бо кӯшишу дастгирии бевоситаи Дафтари минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, ин навбат дар шаҳри Душанбе созмон дода шуд.

Дар маосими ифтитоҳ Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Игор Поканевич, роҳбари Дафтари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ширкат варзида, баргузор гардидани чунин як даври омӯзиширо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди потенсиали касбии кормандони соҳаи тандурустӣ мусоид арзёбӣ карданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 951
  • 1,242
  • 949,971