Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият мебахшад

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият мебахшад
Октябр 07
12:53 2020

Ҳамарӯза аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии бемории коронавируси нави CОVID-19 тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.

Таҳлилҳо собит намуданд, ки ҳангоми баргузории маросими тўй дар як қатор тарабхонаву каҳвахона ва тўйхонаҳои шаҳр қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намешаванд ва ҳамаи ин боис гардид, ки фаъолияти ин нуқтаҳои хизматрасонӣ то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан манъ карда шуданд.

Зимни баргузории як рейд аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд чунин камбудиҳо дар бозору марказҳои савдо, ошхонаву муассисаҳои хўроки умум ба чашм расид. Дар ин мавзеъҳо бидуни ченкунии таб, фосилаи иҷтимоӣ, набудани монеаи дизенфексионӣ фаъолият ба роҳ монда шудааст. Аз маъмурият то хизматрасониҳо дар марказҳои хўроки умум бидуни ниқоб хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст, ки омили асосии хатари сирояти беморӣ ба мизоҷон шуда метавонад. То ҳол дар бозорҳо фосила риоя нашуда, савдои кўчагӣ дар роҳравҳо низ ташкил шудаанд, ки берун аз назорати масъулини дахлдор қарор гирифтаанд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад.

(Акс аз бойгонӣ)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 319
  • 989
  • 887,673