Машварати навбатии гурӯҳи корӣ оид ба иҷрои Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ барои солҳои 2020-2021 доир гардид

Машварати навбатии гурӯҳи корӣ оид ба иҷрои Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ  барои солҳои 2020-2021 доир гардид
Январ 21
13:23 2021

20 январи  соли 2021 дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии  Тоҷикистон» машварати  навбатии гурӯҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба  иҷрои “Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали ГОПА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ  барои солҳои 2020-2021 (PDV) ” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  филиали ГОПА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.

Дар машварати навбатии гурӯҳи кории мазкур натиҷаҳои пурсиши сотсиологӣ оид ба қаноатмандӣ аз хизмати бенефитсиарҳо – ҷабрдидагони  аз зӯроварӣ дар оила дар ноҳияҳои лоиҳавии  вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, натиҷаҳои мониторинги фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ ва тандурустӣ (аз ҷумла фаъолияти ҳуҷраҳо оид ба расонидани  кӯмаки  тиббӣ ва иҷтимоӣ ба занони ҷабрдида аз зӯроварӣ дар оила) нисбати иҷрои уҳдадориҳои худ оид ба расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ва тиббӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда шудаанд, (октябри 2020), муаррифӣ ва муҳокимаи натиҷаҳои фаъолият дар самти расонидани кӯмаки мустақим ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ – иҷрокунандагони фармоиши давлатии иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар анҷоми машварат ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолят дар самти иҷрои нақшаи мазкур аз тарафи  аъзоёни гурӯҳи корӣ  тавсия ва пешниҳодҳо ироа карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 710
  • 1,242
  • 949,730