«МО БАР ЗИДДИ ВИРУС». Милитсияи Конибодом байни мардум аксияи тарғиботӣ доир кард

«МО БАР ЗИДДИ ВИРУС». Милитсияи Конибодом байни мардум аксияи тарғиботӣ доир кард
Июн 23
09:27 2020

Mилитсияи шаҳри Конибодом бо мақсади саҳм гузоштан дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирӣ аз мубталошавӣ ба бемории сироятии коронавирус дар якҷоягӣ бо масъулини беморхонаи марказии шаҳр аксия таҳти унвони «Мо бар зидди вирус» гузаронид. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Дар баробари ба мардум фаҳмонидани манфиати риояи гигиенаи шахсӣ ва чораҳои беҳдоштӣ зимни баргузории чорабинӣ шахсони дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бениқоб қарордошта, бо ниқоби муҳофизатӣ таъмин карда шуданд.

Марҳилаи нахустини чорабинии мазкур дар ҳудуди деҳаи Ниёзбеки ҷамоати деҳоти Ҳамробоев ва маркази шаҳри Конибодом гузаронида шуда, дар рафти он ҳазор адад ниқоби тиббӣ ба нафарони эҳтиёҷманд тақсим карда шуд.

Самти асосии чорабинӣ тавре масъулин таъкид намуданд бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва бо ин васила баланд намудани маърифати зидивирусии аҳолӣ мебошад. То ин ки шаҳрвандон оиди роҳҳои пешгирӣ ва худмуҳофизатӣ аз бемории паҳнгаштаи «Covid-19» маълумот дошта бошанд. Мақомоти милитсияи шаҳри Конибодом чунин корҳои ташвиқотиро дар дигар минтақаҳои шаҳр ба нақша гирифтааст.

Дар ҷараёни чорабиниҳо гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби нозирони минтақавии милитсия, милитсияи кор бо ноболиғон ва нозирони БДА сафарбар карда мешаванд. Чунин сафарбарнамоӣ ба он хотир аст, ки масъулини хадамотҳои мазкур бештар бо аҳолӣ кор мекунанд ва дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим таҷрибаи кофии амалӣ доранд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 973
  • 1,242
  • 949,993