Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо коршиносони байналмилалии ТУТ

Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо коршиносони байналмилалии ТУТ
Декабр 14
14:55 2022

Имрӯз, 14 декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо гурӯҳи коршиносони байналмилалии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар ҳайати Сатиш Мишра, Кахал Морган ва Сю Эител мулоқот намуд. Дар  мулоқот ҳамзамон муовини вазир Шодихон Ҷамшед, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дахлдори вазорат иштирок намуданд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди вазорат бо ин ташкилоти бонуфуз изҳори қаноатмандӣ намуд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи ташрифи ҳайати ТУТ ба Тоҷикистон-ин таҳияи тавсияҳо ва муайян намудани самтҳои стратегӣ дар доираи лоиҳаи муштарак оид ба таҳкими соҳаи тандурустӣ дар кишвар, таҳлили вазъи соҳаи тавонбахшӣ ва таҳияи лоиҳаҳо дар самти пурзӯргардонии тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон, инчунин расонидани мусоидати фаннӣ дар чаҳорчубаи Барномаи “Маъюбият ва барқарорсозӣ барои солҳои 2023-2028” мебошад.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии соҳаи тавонбахшӣ дар кишвар мубодилаи афкор намуда, вобаста ба рушди соҳа тавсия ва пешниҳодоти худро ироа намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 712
  • 1,242
  • 949,732