Муроҷиати шаҳрвандон ба телефонҳои боварии 511 ва 311 коҳиш ёфтааст

Муроҷиати шаҳрвандон ба телефонҳои боварии 511 ва 311  коҳиш ёфтааст
Июн 18
16:21 2020

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади мубориза бар зидди бемории сироятии COVID -19  ва табобати сироятёфтагон  ду маркази машваратии тиббии боварии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  таҳти рақами кӯтоҳи 311 ва 511 фаъол гардиданд.

Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз шумораи зиёди мардум ба ин рақамҳо занг зада, вобаста ба бемории COVID-19 ба саволҳои худ посух гирифтаанд. Ин  рақамҳо  ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда,  дар он мутахассисони гуногуни соҳаи тиб ба кор ҷалб карда шудаанд. Телефони  боварии 511 моҳи марти соли равон фаъол шуда, рақами 311 пас аз тасдиқ шудани ҳолати бақайдгирии коронавирус фаъолияташро аз  5  май оғоз намуд.

Дар ҳамин ҳол таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир муроҷиати шаҳрвандон ба телефонҳои боварии мазкур хеле коҳиш ёфтааст.

Масалан, агар қаблан танҳо дар як шабонарӯз ба телефони боварии 311 бештар аз 2000 занги телефонӣ анҷом дода мешуд, танҳо санаи 17 июни соли ҷорӣ ба ин рақам аз ҷониби шаҳрвандон 489 занги телефонӣ анҷом дода шудааст.

Ҳамзамон,  давоми рӯзҳои охир муроҷиати шаҳрвандон ба  рақами боварии 511 низ хеле коҳиш ёфтааст.

Бояд гуфт, ки коҳиш ёфтани муроҷиати шаҳрвандони кишвар ба телефонҳои боварии 511 ва 311 гувоҳи он аст, ки сокинони мамлакат оид ба масъалаҳои бемории COVID-19  аллакай маълумоти заруриро ба худ гирифтаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 743
  • 1,242
  • 949,763