Ҳодисаҳои гирифторшавии сокинон ба бемории зардпарвин дар вилояти Суғд нисбати соли сипаригардида коҳиш ёфтааст.

Сентябр 20
12:17 2017

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сару садоҳоро вобаста ба доман паҳн намудани бемории зардпарвин дар баъзе аз ноҳияҳои вилояти Суғд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Аз натиҷаи таҳлилҳо бармеояд, ки тибқи омори расмӣ дар 8 моҳи соли 2017 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамагӣ 1388   ҳодисаҳои зардпарвини вирусии намуди “А” ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2016  281 ҳодиса камтар мебошад. Дар ин муддат бемории мазкур дар  ноҳияҳои Айнӣ-5 ҳодиса, Ашт-38 ҳодиса, Деваштич-81 ҳодиса, Зафаробод-12 ҳодиса, Кӯҳистони  Мастчоҳ-8 ҳодиса, Мастчоҳ- 1 ҳодиса, Спитамен-31 ҳодиса,  Ҷ.Расулов-92 ҳодиса, Шаҳристон-39 ҳодиса, шаҳри Гулистон-24 ҳодиса,  Истаравшан-41 ҳодиса, Истиқлол-14 ҳодиса, Конибодом-105 ҳодиса,  Панҷакент-75 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки тибқи таҳлил ва мушоҳидаҳои эпидемиологӣ бемории  зардпарвини вирусии намуди “А” сирояти дорои хусусияти мавсимӣ буда, хурӯҷи он асосан ба фасли тобистону тирамоҳ рост омада, бақайдгирии ин беморӣ бисёртар дар байни гурӯҳҳои осебпазир (кӯдакони синни томактабию мактабӣ)  мушоҳида карда  мешавад.

Сабабҳои асосии паҳншавии ин беморӣ агар аз як тараф гардиши табиии ин намуди вирус дар табиат бошад, аз тарафи дигар дар риоя нагардидани  гигиенаи шахсӣ аз тарафи аҳолӣ аст.

Аз ҷониби зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемории зардпарвини вирусии намуди “А” чораҳои зиддиэпидемикӣ ташкил гардида, ҷиҳати саривақт анҷом додани тадбирҳои дезинфексионӣ миқдори зарурии маводҳои безараргардонӣ  ҷудо карда шудааст.

Айни ҳол вазъи бемории зардпарвини вирусии намуди “А” дар ҷумҳурӣ  мӯътадил буда,  таҳти назорат қарор дода шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 268
  • 1,715
  • 988,565