Олимони Институти зоология ва паразитология: Шабпараки Мушхор ба саломатии инсон зарар надорад

Олимони Институти зоология ва паразитология: Шабпараки Мушхор ба саломатии инсон зарар надорад
Май 22
07:16 2019

Субҳи 19 майи соли равон парвози бошиддати миқдори зиёди шабпаракҳои муҳоҷир аз тарафи Ҷумҳурии Узбекистон (вилояти Сурхандарё) ба тарфи ҷанубу-ғарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Парвози шабпаракҳо дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Ваҳдат ва Файзобод мушоҳида гардид.

Ходимони илмии шӯъбаи тавсифоти ҳайвоноти бесутунмуҳраи Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ин намуди шабпаракро ҳамчун шабпараки Мушхор (Репейница – Vanessa cardui) муайян карданд.

Шабпараки мушхор – шабпараки рӯзона аст аз оилаи Numphalidae. ва номи лотинии он аз истилоҳи Carduus-мушхор гирифта шуда, (чертополох) яке аз кирмакҳои растаниҳои табиӣ  мебошад.

Шабпараки мазкур дар тамоми дунё паҳн гашта, танҳо дар Амрикои Ҷанубӣ ба кайд гирифта нашудааст. Ин намуди шабпарак қобилияти муҳоҷират кардан дорад.

Шабпараки модина дар баргҳои растаниҳои табиӣ то 1 адад тухм мегузорад. Кирмакҳо дар баргҳои печида паноҳгоҳ месозанд.  Дар давоми зист як кирмак то 7-9 адад, чунин паноҳгоҳ бунед мекунад. Кирмаки панҷум баъзан паноҳгоҳро тарк намуда, озодона зист мекунад. Ранги кирмакҳо тағйирёбанда буда, аз растаниҳои табии вобаста аст.

Ғизои кримакҳо асосан растаниҳои табий: ҳазориспанд (тысячелистник), гиёҳи ёбоии хордор (чертополох), газнаи сӯзон (крапива жгучая), газнаи дупала (крапива двудомная) ба шумор меравад.

Шабпарак қобилияти муҳоҷиршавӣ дорад. Шабпаракҳои насли тобистона дар минтақаҳои гарм зимистон мегузаронанд, афзоиш меёбанд ва насли нави шабпаракро ба вуҷуд меоранд. Шабпараки Мушхор ҳангоми муҳоҷират бо гуруҳҳо, бо суръати 25-30 км/соат парвоз карда  метавонад дар як руз то 500 км-ро тай намояд. Дар маҷмӯъ масоҳатн парвози тай намудаи онҳо то 5000 км-ро дарбар гирад.

Дар заминаи хулосаи олимони Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскии Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 Шабпараки Мушхор ба саломатии инсон ва зироатҳои кишоварзӣ зарар намерасонад;

-Шабпараки Мушхор дар чаргоҳҳои тобистонаи шарқ ва ҷанубу шарқии ҷумҳурӣ то баландии  2500 – 3000 метр парвозашро идома дода, насли тобистонаашро дар ин мавзеҳо мегузорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 13
  • 740
  • 1,242
  • 949,760