Омодагӣ ба роҳандозии табобати фосилавии видеоӣ тавассути барномаи мобилии I LIKE VOT

Омодагӣ ба роҳандозии табобати фосилавии видеоӣ тавассути барномаи мобилии I LIKE VOT
Март 15
17:10 2021

 Дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии сил Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” -и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон нақшаҳои истифодаи технологияҳои инноватсиониро барои дастгирии шахсони бемори сил баррасӣ менамоянд.

Дар ҳамкорӣ бо МД “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” (ҲБСТ) ҷиҳати роҳандозии табобати фосилавии видеоӣ барномаи мобилии I LIKE VOT-ро барои кишвар аз ҳама ҷиҳат пурра мутобиқ гардонидааст.

Қобили зикр аст, ки табобати фосилавии видеоӣ бо технологияҳои рақамӣ аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия шудааст. Барномаи мобилии I LIKE VOT аз ҷониби Маркази сиёсат ва таҳқиқоти тандурустии Ҷумҳурии Молдова (PAS Center) таҳия шуда, аллакай дар чанде аз кишварҳои ИДМ ҷорӣ гардидааст.

Ин барнома имконият медиҳад, шахсони гирифтори бемории сил тавассути дастгирии видеоӣ аз ҷониби табибони силшинос, равоншинос ва дигар ҳайати тиббии масъул табобаташонро дар хона давом диҳанд, ки барои шахси бемор аз ҳама ҷиҳат роҳату осон, бехарҷ ва судманд аст.

Бояд гуфт, ин дуюмин барномаи мобилии зиддисилиест, ки аз ҷониби ҲБСТ роҳандозӣ мегардад. Қаблан, соли 2017 ҲБСТ дар ҷаҳон аввалин шуда барномаи мобилии OneImpact-ро дар Тоҷикистон ба таври озмоишӣ ҷорӣ намуд, ки имрӯзҳо шахсони бемори сил ва умуман, доираи васеи корбарон аз маълумотҳои муфиди он бархурдор мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 694
  • 1,242
  • 949,714