Ҷорӣ намудани барномаи телетиб дар муассисаҳои тандурустӣ

Ҷорӣ намудани барномаи телетиб дар муассисаҳои тандурустӣ
Декабр 17
16:59 2020

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи беҳтаргардонии сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва навзодон дар вилояти Хатлон, ки бо дастгирии молиявии Бонки Олмонии Рушд ва дар асоси шартномаи махсуси байналмилалии барномаи ҳамкории молиявии Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст, ҷиҳати роҳандозии барномаи телетиб дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳаи мазкур ҷаласаи онлайнӣ доир гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Зулфия Абдусаматзода, мушовири  байналмилалалӣ Михаэл Вейнхара аз кишвари Олмон ва ҳамзамон ба тариқи онлайн  роҳбарият ва кормандони беморхонаҳои таҷрибавии лоиҳа иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки  аллакай дар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои пилотии ноҳия, махсусан, Беморхонаи вилоятии клиникии бисёрсоҳавии шаҳри Кӯлоб, Беморхонаи вилоятии шаҳри Бохтар, беморхонаҳои марказии  ноҳияҳои Ёвон, Хуросон, Ҳамадонӣ, Фархор ва Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-татқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинталогии Тоҷикистон”  бо мақсади роҳандозӣ намудани телетиб таҷҳизоти зарурӣ васл гардидааст.

Ҳамзамон, бо мақсади омӯзонидани мутахассисон дар самти истифодаи барномаи мазкур  мушовири байналмилалӣ Михаэл Вейнхара аз кишвари Олмон даъват карда  шуд, ки номбуда санаҳои  24 ноябр  ва 16 декабри соли равон  оид ба истифодабарии телетиб дар ҷаҳони муосир, тарзи дуруст истифода намудани таҷҳизоти телетиб, истифода аз платформаи байналмилалии айпат (iPath) ва дигар ҷабҳаҳои телетиб ба мутахассисони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои болозикр маълумот пешниҳод намуд.

Зикр гардид, ки дар оянда истифодаи босамари барномаи телетиб барои боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ  мусоидат хоҳад намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 694
  • 1,242
  • 949,714