Остеохондроз. Беморие, ки 85% -и аҳолии курраи заминро азият медиҳад

Остеохондроз. Беморие, ки 85% -и аҳолии курраи заминро азият медиҳад
Феврал 13
09:39 2023
Аз рӯи маълумоти оморӣ аз 40 то 90% аҳолии сайёра аксаран дар синни 30-35-солагӣ ба он гирифтор мешаванд.
Сутунмуҳра, ки аз 24-муҳраҳои бо ҳам пайваст иборат мебошад, дар он чорбанд ва копчик асоси сохтор маҳсуб мешаванд. Дар вуҷуди инсон зиёда аз 200-усухон ва 700-мушаки ба онҳо пайваст мавҷуд аст. Табобати сутунмуҳраро аз мушакҳо, пайвандҳо, рагҳо, ки онро иҳота кардаанд ҷудо тасаввур кардан ғайри мумкин аст. Ҳамин аст, ки ба иқрори табибон сарчашмаи аксари бемориҳо сутунмуҳра ва ё осеб дидан он маънидод мегардад.
Олимони соҳаи тибб аз он нигарони менамояд, ки бемории болозикр миёни ҷомеаи башарӣ ҳамоно бештар пайҳ мегардад. Гуфта мешавад имрӯз дар ҷаҳон аз панҷ як нафар баъд аз сисолагӣ мубталои радикулити дискогенӣ гардида, ё аз зуҳуроти ин дард ранҷ мекашид, ки ин беморӣ яке аз нишонаҳои остеохондроз ба ҳисоб меравад. Аммо бо дарназардошти ихтироъ ва навгониҳои технологияи муосир дар соҳаи тибб ин беморӣ ба миқдори 10-15 сол ҷавонтар гардидааст.
Табибони соҳавӣ зикр медоранд, ки пайдоиши бемории остеохондроз аз мавзеи оғозаш тадриҷан бо дардҳои шадид дар узвҳои гуногуни бадан, хусусан қисми поёни миён ва гардан мегузарад. Аз рӯи сохт, ки дар байни ҳамаи сутунмуҳраҳо канали ҳаромағз мегузарад, дар он худи ҳарромағз ҷойгир аст ва аз он решаҳои асаб мегузаранд ва дар навбати худ ҳама узвҳо ва системаҳои баданро идора мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки остеохондроз ба ҳамаи организм таъсири худро мерасонад. Қариб ҳама бемориҳои узвҳои дарунӣ аз ҳолати сутунмуҳра вобаста мебошанд. Ҳамин аст, ки гуфта мешавад сарчашмаи ҳамаи бемориҳо, асаб аст. Барои ҳамин ҳам ҳангоми табобат ва беҳтар шудани ҳолати сутунмуҳра ҳолати тамоми бунияи инсон хубтар мешавад.
Аз рӯи хулосаи табибон аксаран дар вақти табобати остеохондроз мариз аз бемориҳои гастрит, колит, захми меъда, астмаи бронхиалӣ, санги гурда, бемориҳои гуногуни пӯст, инчунин аз илтиҳоби занона ва мардона раҳо меёбад. Дар баробари пиршавӣ ва беҳолшавии сутунмуҳра мушакҳои он ҳам пир ва беҳол мешаванд, ки ин ба вайроншавии ғизо ва ҷамъшавии моддаҳои аз натиҷаи метаболизм ба вуҷудоянда меоварад. Дар натиҷа мушакҳо хусусияти оромиро аз даст медиҳанд ва ҳама вақт зери фишор қарор мегиранд. Ин боис мегардад, ки мубодилаи моддаҳо дар пайвандҳо ва рагҳо вайрон шавад.
Бемории остеохондрози сутунмуҳра дар инсонҳое вомехурад, ки вақти зиёди худро дар як ҷо нишастан мегузаронанд, ки ин бештар ба ронандагони воситаҳои нақлиёт ва ҳамчунин ба истифодабарандагони компютер алоқамандӣ дорад. Дар натиҷаи ин беморӣ қабатҳои тағоякдори байни муҳраҳо осеб дида, инчунин кушодаҳои байнимуҳравӣ танг мегарданд ва тори асаби ҳароммағз, ки аз даруни онҳо мегузарад, мавриди фишор қарор гирифта, пуч мешавад. Дар натиҷа дарди сахт ва нороҳатӣ дар оргазим ба вуҷуд меояд.
Гуфта мешавад омили пайдоиши бемории мазкур аз зиёд рост истодан, бори вазнин бардоштан, хаму рост шудан, таъомҳои шӯру хунук истеъмол кардан, ҷаҳидан ва ҳаракатҳои номуносиб кардан дониста мешавад, ки дар чунин ҳолатҳо устухонҳои мавсали байни муҳраҳои сутунмуҳра, ҳолати эластикии худро гум карда, заъиф мешавад. Дар ҷойҳои часпиши сутунмуҳраҳо бо сабаби дигаргуншавии мавсал намакҳо ҷамъ шуда, ба устухончаҳо муббадал мегарданд.
Беморӣ дар натиҷае пайдо мешавад, ки фосилаи байни муҳраҳо бо намак пур шуда, сахт мешаванд ва торҳои асабро зер мекунанду дард дар китф, гардан, шонаҳо ва даст пайдо мешавад. Ин беморӣ ба бисёр ҷойҳои дигари бадан низ таъсири бади худро мерасонад.
Инчунин ба роҳи нафас ва кори дил низ таъсир расонида, дард пайдо мекунад. Ин беморӣ баъзан аз пайи худ бемориҳои дигарро низ тавлид мекунад. Мушакҳои дасту пой ва дигар узвҳои дохилӣ низ дард пайдо мекунанд. Ба торҳои асабҳои банду баст ва мушакҳо фишор оварда, гардиши хунро дар бадан номуътадил месозад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки гуфта мешавад остеохондрози гардан низ имрӯзҳо миёни ҷомеаи башарӣ бо суръати баланд паҳн мегардад. Олимони соҳавӣ зикр медоранд, ки имрӯз остеохондрози гардан дар байни занон ва дар байни шахсони миёнасол ва солхурда бештар ба назар мерасад. Нишонаҳои гирифтрӣ ба ин беморӣ вазниншавии сар, дарди доимии сар, сарчархзанӣ, садо дар гӯш ва паст шудани биноиш арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон қафаси сина боиси тангии нафасгирӣ шуда, кори номуътадили дил эҳсос мешавад.
Остеохондрози миён бошад фаъолияти ҳазмкуниро номуътадил сохта, дарди гурдаро зиёд менамояд ва ба фаъолияти тухмдонҳо зарар мерасонад. Дар ҳаёти ҳаррӯза одамон аз таъсири бади ин беморӣ зиёдтар аз номуътадилии фаъолияти гардиши хун, ҳазмкунӣ ва бо мушкили ҳаракат намудан азият мекашанд. Агар сари вақт ин беморӣ табобат нашавад, торҳои асабе, ки аз дохили сутунмуҳра мегузаранд, оҳиста – оҳиста зарар дида, раванди шахшавии устухонҳоро метезонад ва дар натиҷа чуррашавии сутунмуҳра ба амал меояд.
Зикр мегардад, ки вазни зиёдатӣ ва ҳамвории кафи пой ҳам метавонад сабаби пойдоиши остеохондроз гардад ва инчунин ҳолати асабонӣ низ барангезандаи ин беморист. Ин ҳолат махсусан ба остеохондрози гардан мансуб мебошад. Дар ҳамсоягии сутунмуҳра сурхраг-артерияҳое мегузаранд, ки мағзи сарро ғизо медиҳанд. Омезиши лаъличаҳои байнимуҳравӣ сурхрагҳоро фишор медиҳад, ки дар натиҷа дарди сар ва чархзании он ба вуҷуд омада, боиси тундхуйиву хашм, изтиробу ҳаяҷон, афсурдаҳоливу руҳафтодагӣ, тарангшавию дарди мушакҳои гардан, сарчархакзанӣ, фишорбаландӣ ва эҳсосоти нофорамдар инсон мегарданд. Асабонияти барзиёд на танҳо барангезандаи дард аст, ҳамчунин ба рафти табобат халал ворид месозад”.
Барои инсоният маълум аст, ҳаракат асоси ҳаёти организми инсон аст. Олимон тасдиқ кардаанд, ки машқҳои ҷисмонӣ омили ягонаи бартараф гардидани беморӣ ва ҳифзи саломатӣ мебошад. Бо назардошти урфу анъанаи ҷомеа, ки одамонро аз тарзи серҳаракати ҳаёт дур мекунад, бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳаракати ҷисмонӣ усули беҳтарини табобати инсон ба ҳисоб меравад.
Суғдмеҳри Маъруфзод

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 852
  • 989
  • 887,217