Партовҳои тиббӣ зери назорати қатъӣ қарор мегиранд

Партовҳои тиббӣ зери назорати қатъӣ қарор мегиранд
Сентябр 04
14:51 2017

Чанде қабл дар Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб майдони нави идоракунии партовҳо мавриди истифода қарор гирифт.

Ба иттилои дастрас сохтмони иншооти мазкур дар чаҳорчубаи созишнома   миёни  Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  бо  ташкилоти байналмиллалии “Духтурон бидуни марз” бо дастгирии Ҳукумаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуд.

“Дастгирии муассисаҳои тиббӣ дар ҷорикунии чунин системаҳои идоракунии партовҳо як қисмати муносибати мо дар беҳтар гардондани саломатии аҳолӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ  ба шумор меравад» – гуфт зимни суҳбат  Омар Гамдуллаев, ҳамоҳангсози лоиҳаи ташкилоти “Духтурон бидуни марз” дар минтақаи Кӯлоб.

Маврид ба таъкид аст, ки майдони   идоракунии партовҳо бо мақсади ба таври оқилона идора намудани партовҳо ва назорати хубии он,  дар ин замина  паст кардани таъсири омилҳои сироятӣ ва моддаҳои заҳрнок бунёд гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки муассисаҳои тиббӣ ҳамарӯза намудҳои гуногуни партовҳои хатарнокро тавлид менамоянд. Беморхонаҳо метавонанд дар ҷудо кардани партовҳо ба намудҳо, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, кашонида бурдан ва нобуд сохтани партовҳо ба мушктилот дучор шаванд, ки ин дар навбати худ метавонад хатарҳои эпедемиологӣ ва ғализгардонии муҳити зистро ба вуҷуд оранд. Бинобар ин, бунёди майдонҳои идоракунии партовҳо ҷиҳати аз байн бурдани чунин мушкилот заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Омар Гамдуллаев ҳамоҳангсози лоиҳаи ташкилоти “Духтурон бидуни марз” дар минтақаи Кӯлоб мегуяд; «Ташкилоти мо дар Тоҷикистон ҳамчун шарики инноватсионӣ ба шумор рафта, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дастгирии фаъолиятҳо доир ба идоракунии дурусти партовҳо тақвият бахшад ва назорати босифати сироятиро таъмин намояд ва Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб нуқтаи аввалин аст. Қадами ояндаи мо – сохтмони чунин иншооти идоракунии партовҳо дар шаҳри Кӯлоб хоҳад буд. Аз ин рӯ, ҳатто аз рӯзи аввал гуфта метавонем, ки беҳтар намудани системаи идоракунии партовҳо дар Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб таъсирашро берун аз он низ ҳоҳад расонд».

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 960
  • 1,242
  • 949,980