ДУШАНБЕ: Шӯъбаҳои наҷот ва ҷарроҳии Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ” аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардиданд

ДУШАНБЕ: Шӯъбаҳои наҷот ва ҷарроҳии Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ” аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардиданд
Апрел 26
17:12 2021

Имрӯзҳо дар саросари мамлакат корҳои бунёдкориву азнавсозӣ ва аз таъмири капиталӣ баровардани муассисаҳои тандурустӣ, хосатан беморхонаҳо, шӯъбаҳои  сироятӣ, эҳёгардонӣ ва бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин намудани онҳо бомаром идома доранд.

Дар доираи чунин корҳои ободониву созандагӣ, чанде қабл шӯъбаи наҷот ва ҷарроҳии Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ”-и шаҳри Душанбе аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти тиббӣ таъмин  карда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки шӯъбаҳои эҳё ва ҷарроҳии муассисаи болозикр бо тарҳу услуби замонавӣ таъмир гардида, бо дастгоҳу лавозимоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳҳои нафасдиҳандаи сунъии замонавӣ, монитор, инфузамат, рентгени рақамии мобилӣ, маҷмӯи бронхоскоп, ЭКГ, дефиблятор,  рахтҳои хоби замонавӣ, дастгоҳи тозакунандаи ҳаво ва дигар лавозимоти тиббӣ  таъмин гардида, ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки ҳамзамон дар шафати муассиса дастгоҳи истеҳсолкунандаи кислород бунёд ва насб шудааст, ки ба эҳтиёҷмандон дар ҳолатҳои зарурӣ хизмат хоҳад кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 974
  • 1,242
  • 949,994