Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла 35 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои тандурустии мамлакат бомаром идома доранд.
Имрӯз, 12 апрели соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти корҳои сохтмонии Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод, Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳияи Рашт шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаҳои тандурустӣ бомаром идома доранд.
Бояд гуфт, ки корҳои сохтмонии иншоотҳои тандурустии мазкур дар доираи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯи барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд-0627-TAJ (SF) ҷараён доранд.
Аснои боздид Ҷамолиддин Абдуллозода барои босифат ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.