Шумораи қурбониёни коронавирус дар ҷаҳон ба 908 ҳазор нафар расид

Шумораи қурбониёни коронавирус дар ҷаҳон ба 908 ҳазор нафар расид
Сентябр 10
15:44 2020

Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), шумораи беморони фавтида бо ташхиси тасдиқшудаи коронавирус дар ҷаҳон то 10 сентябр ба 908 ҳазор нафар расидааст, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар».

Дар ҷаҳон зиёда аз 28 миллион нафар аз COVID-19 сироят ва 20,1 миллион тан шифо ёфтаанд.

Аз рӯи шумораи фавтҳо дар байни кишварҳо ИМА бо нишондиҳандаи 195,2 ҳазор фавт дар сафи пеш қарор дорад. Дар ҷойи дуюм Бразилия бо 128,6 ҳазор фавт ва дар ҷойи сеюм Ҳиндустон бо 75 ҳазор тан ҷонбохтаи пандемия қарор доранд.

Дар Россия беш аз 1 миллион нафар гирифтори коронавирус шудаанд, 856,4 ҳазор нафар аз COVID-19 шифо ёфта ва 18,1 ҳазор тан ҷон бохтаанд.

Дар Тоҷикистон давоми шабонарӯзи гузашта 39 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ва 1 ҳолати фавт аз ин беморӣ ошкор шудааст. Шумораи умумии гирифторони коронавируси нав дар давраи аз 30 апрел то 9 сентябр ба 8899 нафар расидааст. То имрӯз дар мамлакат  7683 нафар ё 86,3%-и сироятёфтагони ин беморӣ шифо ёфтаанд. Аммо ба асари COVID-19 71 тан ҷон бохтааст. Шабонарӯзи гузашта 93 нафар бо гумони сироятёбӣ таҳти назорати табибон қарор дошта, 33 нафар пас аз шифо ёфтан рухсат шудаанд.

АКС аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 988
  • 989
  • 887,353