Суҳбат – вохӯрӣ бо сардорону фаъолони курси якуми факултети тиббӣ

Суҳбат – вохӯрӣ бо сардорону фаъолони курси якуми факултети тиббӣ
Октябр 22
12:32 2020

Тибқи нақша-чорабиниҳои шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино вохӯрии раёсати Шӯъбаи кор бо ҷавонон донишгоҳ бо сардорону фаъолони курси якуми факултети тиббӣ дар мавзӯъҳои “Роҳҳои пешгирӣ аз бемории коронавируси нави СOVID-19”,  “Риояи гигиенаи шахсию ҷаъмиятӣ” ва даъват ба аъзошавӣ дар дастаи волонтиёрони назди шӯъбаи мазкур баргузор  гардид.

Ҳамчунин, дар вохурӣ  оид ба масъалаҳои пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуб,  пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, даст назадани ин қишри ҷомеа ба ҷинояту ҷинояткорӣ, истифода накардани шабакаҳои иҷтимоии  хусусияти ифротӣ ва террористию экстремистӣ дошта, масъалаҳои риояи низому қоидаҳои дохили донишгоҳ ва доир ба дигар масъалаҳои мубрам суҳбат карда шуд.

Бояд гуфт, ки чунин вохуриҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии  ҷавонон пайваста дар шӯъба ва факултаҳои донишгоҳ гузаронида мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 38
  • 989
  • 887,392