Июл 20
13:49
2020
Таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизот ва лавозимотҳои тиббӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Бо ин мақсад дар шаш моҳи соли 2020 аз ҳамаи сарчашмаҳо 99 адад таҷҳизот ва лавозимотҳои тиббӣ ба маблағи 3,3 млн. сомонӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд дастрас карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки ҷиҳти таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо лавозимотҳои тиббӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти хешро идома хоҳад дод.