Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи ВНМО

Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи ВНМО
Ноябр 29
16:56 2017

28 ноябри соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни суханронӣ изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар баробари дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ вобаста ба пешгирӣ ва муолиҷаи ВНМО аз усулҳои муосири ташхису табобат истифода мебарад. Инчунин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сари вақт сироятёфтагонро бо маводи дорувории ройгон таъмин намуда, табобати беморон зери назорат гирифта мешавад.

Дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби мутахассисони муассисаҳои давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО», «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» ва донишҷӯёни фаъоли ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино маърӯзаҳо пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки барои ҷилавгирӣ аз доман паҳн намудани ВНМО бетараф набошанд ва тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳифзи сиҳатии аҳолӣ саҳми худро гузоранд. Гуфта шуд барои пешгирии ин вирус бояд ҳар як шаҳрванд саҳмгузор бошад, зеро муассисаҳои тандурустӣ ва табибон дар алоҳидагӣ имкони пешгирии бемориро надоранд.

Ҳамзамон дар чорабинии мазкур чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазода иштирок намуда, ба ҷавонон тавсия дод то ба ҷои амалҳои номатлуб бештар ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул шаванд ва бадани худро солим нигоҳ доранд.

Дар саҳни донишгоҳ табибони МД «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО» бо истифода аз  ташхисгоҳи сайёр, тавассути тестҳои фаврии яккарата сокинонро ба таври ихтиёрӣ аз ташхиси ВНМО гузарониданд.

Ёдрас мешавем, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 1 – декабр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи ВНМО таҷлил карда мешавад.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 715
  • 1,242
  • 949,735