Зафаробод: Оғози корҳои сохтмонии Маркази ташхисию табобатӣ

Июн 17
11:08 2019

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Зафаробод сафар намуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дода мегӯяд, ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод сохтмони 400 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст.

“Бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва азму талоши роҳбарият ва сокинони ноҳия аз оғози соли 2018 то имрӯз 134 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони даҳҳо иншооти дигар ҷараён дорад”,-меафзояд манбаъ.

Дар идомаи боздид Раиси вилоят дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод ба корҳои сохтмонии Маркази ташхисию табобатии хусусӣ ҳусни оғоз бахшид.

Тавре иттилоъ дода шуд, Маркази ташхисию табобатӣ аз ҷониби соҳибкор Абдусалом Холматов бунёд гардида истодааст. Бинои ташхисию табобатӣ бо тарзу усули меъмории замонавӣ сохта шуда, аз ду ошёна иборат мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 85
  • 989
  • 887,439