Ташаккул ва рушди саломатии репродуктивӣ дар Тоҷикистон

Ташаккул  ва  рушди  саломатии  репродуктивӣ  дар Тоҷикистон
Май 17
08:12 2021

Аввалин  маротиба  соли 1994 бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар базаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ҳифзи модару кӯдак Маркази шаҳрии «Банақшагирии оила» таъсис ёфт.

Муассисаи мазкур аз соли 1996 то соли 2002 «Маркази ҷумҳуриявии танзими оила» ном гирифт. Аз аввали соли 1996 то охири соли 1997 дар базаи дармонгоҳҳои ноҳиявӣ  ҳуҷраҳои танзими оила фаъолият намуда, соли 1998 марказҳои вилоятии солимии репродуктивии Суғду Хатлон, минтақаи Кӯлоб, ВМКБ ва 66 марказҳои солимии репродуктивии ноҳиявӣ ташкил карда шуданд.

Соли 2002  сохтор ва Оинномаи «Маркази ҷумҳуриявии танзими оила» аз нав тартиб дода шуда, ба муассиса статуси «миллӣ» дода шуда, Муассисаи давлатии «Маркази миллии солимии репродуктивӣ”-и Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо фармоиши Вазорати тандурустии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2002, №203 ва қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002,  №483  таъсис ёфт.

Ҳамчунин, аз  тарафи мутахассисони  Муассисаи давлатии “Маркази солимии репродуктивӣ” ва марказҳои солимии  репродуктивии вилоятию ноҳиявӣ  маъракаҳои  контрасептивӣ  ва “Корвони  саломатӣ”  дар  ноҳияҳо ва  минтақаҳои  дурдасти чумҳурӣ гузаронида  шуда, дар  рафти  он   ба  аҳолӣ  оиди  фаъолияти марказҳои  солимии  репродуктивӣ, маводҳои  контрасептивӣ,  солимии  репродуктивӣ   ва   танзими  оила маълумот пешниҳод гардида, маводҳои  контрасептивию  иттилоотӣ  тақсим  карда  шуданд, ки ин раванд то имрӯз идома дорад.

Нақшаҳои мониторингӣ, ки  дар  сатҳи чумҳурӣ ва  вилоятию  ноҳиявӣ  оиди сифати нигоҳубин ва назорати антенаталӣ аз руи ченакҳои баҳодиҳии  стандартҳои  миллӣ  ва  хизматрасонии  контрасептивӣ  тартиб  дода  шуда, гузаронида мешаванд,  боиси  беҳбудии  сифати  хизматрасонӣ ва  тартиби  ҳуҷҷатгузорӣ дар  муассисаҳо  гардид. Дар  рафти  мониторингҳо кӯмак ба коргузорӣ дар соҳа ва ҳамчунин  суҳбату  вохӯриҳо  бо  аҳолӣ  дар  мавзӯъҳои  гуногуни  солимии  репродуктивӣ, шаҳвонӣ, танзими оила, пешгирии  бемориҳои  ба  воситаи  алоқаи  ҷинсӣ  сироятшаванда,  ВНМО/БПНМ, зарари тамокукашӣ,  машрубот, нашъамандӣ, масъалаҳои гендерӣ ва  асосҳои  тарзи  ҳаёти  солим  гузаронида  мешаванд.

Бояд гуфт, ки Маркази миллии солимии репродуктивӣ ҳамчун муассисаи роҳбарикунанда дар зертобеи худ  90 муассисаҳои солимии репродуктивии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро дарбар мегирад, аз ҷумла дар вилояти Хатлон-28 муассиса, вилояти Суғд – 19 муассиса, ноҳияҳои тобеи марказ – 13 муассиса, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 8 муассиса ва шаҳри Душанбе – 16 муассиса.

Маҳз бо саъю кӯшишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  кормандони  соҳа давоми солҳои охир барои таҳияи стандарту протоколҳо ва дастурамалҳо ҷиҳати пешниҳод намудани хизматрасониҳо оид ба солимии репродуктивӣ, омӯзонидани кормандони хадамоти солимии репродуктивӣ, фаъолкунии идорасозии таъминот ва тақсимоти маводҳои пешгирикунандаи ҳамл, таҳияи маводҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва баланд бардоштани маърифатнокӣ ва дониши аҳолӣ оид ба масъалаҳои танзими оила  фавти  модарӣ ва шумораи  ҳомиладориҳои  номатлуб  ва  исқоти   ҳамл    коҳиш  ёфта, сифати  хизматрасонӣ   оиди  танзими  оила  беҳтар гардида,  нишондоди  истифодабарандагони   маводҳои  контрасептивӣ  мунтазам  афзоиш  ёфта, аз 19% дар соли 1995 то  ба  45,5 % дар соли 2020 расид.

Тӯли  зиёда  аз  20  сол бо  дастгирии  Хазинаи  Нуфузи  Созмони  Миллали Муттаҳид  тамоми  сохторҳои  соҳа   бо   4  намуди  маводҳои  замонавии  пешгирикунандаи  ҳамли  номатлуб  таъмин  гардида, шаҳрвандони мамлакат  имконият  доштанд, ки   намудҳои  гуногуни  маводҳои  контрасептивиро интихоб  намуда, аз онҳо ба  таври  ройгон  истифода  баранд.

Ҳамзамон, қобили қайд аст, ки аввалин маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи буҷетии алоҳида барои харидорӣ намудани маводҳои контрасептивӣ таъсис дода шуд, то ин ки маблағгузории миллии харид ва пешниҳод намудани маводҳои контрасептивӣ оғоз карда шавад.

Қобили қайд аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба соли 2016  дар буҷети соҳаи тандурустӣ барои харидорӣ намудани молҳои солимии репродуктивӣ, аз ҷумла маводҳои  контрасептивӣ  самти  буҷетиро  таъсис  дод ва аввалин маротиба маводҳои контрасептивӣ  аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ харидорӣ гардиданд, ки давоми солҳои охир ҳаҷми  маблағгузорӣ  дар  ин  самт сол  то  сол  меафзояд.

Дар ин росто,  бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии “Маркази миллии солимии репродуктивӣ-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  шурӯъ аз соли 2002 дар самти баланд бардоштани  масъалаҳои солимии репродуктивӣ дар байни аҳолӣ, хосатан дар байни занон бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ ба роҳ мондааст ва фаъолият дар ин самт босамар идома дорад.

Бо  мақсади  амалисозии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  пешгирии  зӯроварӣ дар оила»  аз 19 марти соли 2013, №954 ва  «Барномаи   давлатӣ  оид ба   пешгирии  зӯроварӣ  дар  оила  дар   Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои  2014-2023»  ва  беҳтар намудани шароит ба занон – ҷабрдидагони  зуроварӣ, ки ба муассисаҳои   тандурустӣ муроҷиат менамоянд, аз  соли  2013 дар  ҳудуди муассисаҳои   тандурустӣ 12  адад  утоқҳо ҷудо  карда шуда, аз тарафи Хазинаи   нуфузи СММ  ҳамчун “Ҳуҷраҳои барои  занони  аз  зуроварӣ  ранҷкашида” (Таваллудхонаи №2, МД «Маркази миллии тиббӣ»  ва МД  «Истиқлол» – и ш.Душанбе, Таваллудхонаи вилоятии шаҳри  Бохтар, Таваллудхонаи вилоятии ш.Кулоб, Таваллудхонаи вилоятии ш.Хуҷанд, таваллудхонаҳои ш.Гулистон, ноҳияи  Шаҳритус, ноҳияи   Фархор, ноҳияи  Панҷ, ноҳияи Рашт ва ноҳияи Ваҳдат)  пурра бо лавозимотҳои зарурӣ, аз ҷумла кондитсионер, мизу курсиҳо, рахти хоб барои калонсолон  ва  кӯдакон, лавозимотҳои зарурии  хоҷагидорӣ  ва  гигиенӣ  таъмин   карда шуданд.

Қайд  кардан  зарур  аст, ки дар  соли  2020  боз 10  адад “Ҳуҷраҳо  барои  занони  аз  зуроварӣ  ранҷкашида” бо  дастгирии  молиявии  Хазинаи   нуфузи СММ дар шаҳру навоҳии  Исфара, Истаравшан, Б. Ғафуров, Айнӣ  ва  Панҷакенти  вилояти  Суғд, ноҳияҳои  А. Ҷомӣ,  Восеъ  ва Ёвони    вилояти  Хатлон, ноҳияи  Рӯдакӣ  ва  ш. Ҳисор ба  фаъолият  шурӯъ  намуданд.

Ғайр аз ин, дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ телефонҳои боварӣ ва ҳуҷраҳои кӯмаки психологӣ фаъолият менамоянд, ки ба ниёзмандон хизматрасонӣ  менамоянд. Қайд кардан зарур аст, ки тамоми зерсохторҳои масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе ва  дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ барои расонидани кӯмаки тиббӣ ба ҷабрдидагони зуроварӣ дар омода  мебошанд.

Ҳамасола ба марказҳои  солимии репродуктивии ҷумҳурӣ ташрифи аҳолӣ  барои  гирифтани  хизматрасониҳо  оид  ба  масъалаҳои солимии репродуктивӣ ва  танзими  оила  зиёд шуда истодааст, ки  ин ҳама натиҷаи фаъолияти босамари кормандони соҳа мебошад.

Директори Муассисаи давлатии

“Маркази ҷумҳуриявии

солимии репродуктивӣ”                                                             Мунира Ғанизода

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 100
  • 989
  • 887,454