Зиндаву ҷовид монд, ҳаркӣ накуном зист…

Зиндаву ҷовид монд, ҳаркӣ накуном зист…
Май 05
08:03 2022

Субҳи  5-уми майи соли равон мутахассиси варзидаи соҳаи тандурустии Тоҷикистон, мудири бахши илмии гинекологияи эндокринологӣ ва репродуктологии Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”, доктори илмҳои тиб, инсони ҳалиму хоксор, поксиришт, модари ғамхору меҳрубон Хоҷамуродова Ҷамила Амоновна дар синни 61 солагӣ нобаҳангом аз олам даргузашт.

Хоҷамуродова Ҷамила Амоновна соли 1984 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо дипломи аъло хатм намуда, баъдан курси ординатураи клиникиро оид ба акушерӣ ва гинекология дар факултети  табобатии донишгоҳи мазкур бомуваффақият гузаштааст.

Аз соли 1995 фаъолияти меҳнатияшро дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”  оғоз намуда, дар ин давра ӯ ҳамаи зинаҳоро, шурӯъ аз ординатори беморхонавӣ то мудири шуъба гузашта, ҳам таҷрибаи клиникӣ ва ҳам маҳорати корҳои ташкилиро аз худ намудааст.

Ҳамин тавр, бо назардошти андухтани таҷрибаи корӣ соли 2003 бо иштироки фаъолонаи Хоҷамуродова Ҷамила Амоновна дар пажӯҳишгоҳи номбурда бахши эндокринологияи гинекологӣ кушода мешавад, ки он дар ҷумҳурӣ шӯъбаи ягонаи махсусгардонидашуда барои табобати занони дорои патологияи гинекологӣ дар ҷойҳо ба шумор мерафт. Аз рӯзҳои аввали ташкил гардидани ин бахш ӯ мудири шуъбаи мазкур буд.

Ҳамзамон,  марҳум аз соли 2019 то охири умр ба ҳайси роҳбари бахши илмии эндокринологияи гинекологӣ ва репродуктологии Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Дар давоми фаъолияти 35-солаи корӣ Хоҷамуродова Ҷамила Амоновна  дар бахши ҷарроҳи акушер-гинеколог, аз ҷумла ҷарроҳиҳои барқарорсозиву тармимӣ дар узвҳои коси хурд ва ғадуди шир  низ таҷрибаи ғанӣ андухта, садҳо беморонро шифо бахшида, ҳамчунин дорои методҳои табобативу ташхисӣ, маммографӣ ва эндосокопӣ гардидааст.

Баъдан марҳум ба корҳои илмӣ низ машғул шуда, дар ин ҷода ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла  соли 2000 диссертатсияи номзадии худро дар мавзӯи «Ҳолати системаи репродуктивии занон бо бемориҳои норасогии йод»  ҳимоя намуд.

Хоҷамуродова Ҷамила Амоновна якчанд курсҳои баланд бардоштани малака ва такмили ихтисосро дар кишварҳои Олмон, Австрия, Москва ва Эрон  гузаштааст.

Махсусан аз соли 2004 то соли 2005 марҳум дар беморхонаи шаҳри Ганновер Нордштадти Олмон таҷрибаи илмию амалӣ гирифта, дорои сертификати байналмилалӣ гардидааст, ки ин аз салоҳиятнокии илмию амалии мутахассис шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон марҳум ҳангоми дар  Олмон будан курси 4 моҳаи такмили ихтисосро дар маркази ЭКО гузашта, усулҳои муосири ёридиҳандаи репродуктивиро азхуд намудааст.

Хоҷамуродова Ҷамила Амоновна соли 2012 дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии РДФ «Маркази илмии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии ба номи В.И.Кулакова Росмедтехнология»-и шаҳри Москва дар мавзӯи «Консепсияи муосири расонидани  кӯмаки тиббӣ ба оилаҳои безуриёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи ихтисоси  акушерӣ ва гинекология диссертатсияи докториро ҳимоя намуд.

Марҳум якчанд забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони олмонӣ ва забони аглисиро омӯхта, курсҳои 4 моҳаи омӯзиши забони олмониро дар донишкадаи Гете дар Гетенгенеи Олмон гузаштааст.

Номбурда дар давоми фаъолияти хеш муаллифи зиёда аз 105 мақолаҳои илмӣ ва дастурӣ   гаштааст, ки дар Комиссияҳои олии аттестатсионии Тоҷикистон, Россия ва Олмон ба нашр расидаанд.

Ҳамчунин, аз ҷониби ӯ 3 дастурамалҳои илмию методӣ дар мавзӯъҳои “Гиперпролактинемияи безурётӣ (табобат, ташхис, ташхиси дифференсиалӣ, усулҳои табобат)”, “Мақсаднокии ташхис ва табобати синдроми тухмдонҳои поликистозӣ”, “Мақсаднокии ташхис ва табобати никоҳҳои безуриёт дар Тоҷикистон” ба табъ расонида шудаанд.

Таҳти роҳбарии марҳум Хоҷамуродова Ҷамила 3 мавзӯъҳои диссертатсионӣ ҳимоя ва 6 мавзӯъҳои илмӣ барои ноил шудан ба номзади илм тасдиқ гардидаанд.

Мавсуф ҳамзамон давоми солҳои охир дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”  раиси комиссия оид ба тафтиши ҳуҷҷатҳои аввалияи корҳои диссертатсионӣ барои ноил шудан ба унвони илмии номзади илмҳои тиб, доктори илмро низ бар душ дошт.

Дар давоми 5 соли охир ӯ сарпарасти Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Б. Вохидови шаҳри Бохтар буд.

Ҳамзамон аз соли 2017 то охири умр сардори Ҷамъияти акушер-гинекологҳои Тоҷикистон буд.

Хизматҳои Хоҷамуродова Ҷамила Амоновна бо мукофоти соҳавии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва якчанд ифтихорномаҳо қадр карда шудаанд.

Марг нобудии абадӣ нест, балки танҳо табдили макон аст. Инсонҳое, ки дар ҳаёт барои мардум хизмат кардаанд ва бо кору амали нек дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтаанд, ҳарчанд марг онҳоро аз миёни мо мебарад, вале ёду хотираҳои некашон то абад боқӣ хоҳад монд.

Хоҷамуродова Ҷамила Амоновна аз қабили чунин инсонҳоест, ки ҳарчанд инак ба макони абадият пайваст, вале хотираҳои нек ва хизматҳои дар ҷодаи интихобкардааш гузошта номи ӯро дар ёди дӯстону ҳамкорон ва наздикону пайвандонаш абадан сабт хоҳанд кард.

Барҳақ, шоир фармуда:

Зиндаву ҷовид монд, ҳаркӣ накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Ёди неки Ҷамила Амоновна дар қалби дӯстону наздикон ва пайвандон то абад боқӣ  хоҳад монд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,409
  • 1,421
  • 957,931