Ташрифи ҳайати ТУТ ба Тоҷикистон

Ташрифи ҳайати ТУТ ба Тоҷикистон
Май 04
07:47 2020

1 майи соли равон як ҳайати намояндагии Ташиклоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки иборат аз гурӯҳи коршиносони соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо мебошад, ба шаҳри Душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Гурӯҳи мазкур бо дархости Ҳукумати Тоҷикистон даъват шудааст, то мақомоти кишварро дар омодагӣ ва тайёр гардидан ба идоракунии пайдоиш ва паҳншавии эҳтимолии COVID-19 дастгирӣ намояд. Онҳо бо мансабдорони баландпоя, шарикони соҳаи тандурустӣ ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ мулоқот карда, дар якҷоягӣ барои арзёбии хатарҳо ва фаҳмидани вазъ дар маҳалҳо, инчунин барои таҳияи механизмҳои вокуниш, аз ҷумла иқтидори озмоишӣ-лабораторӣ, кӯмак хоҳанд намуд.

Дафтари минтақавии ТУТ дар Аврупо, ки бо Тоҷикистон ҳамкориҳои тӯлонӣ дорад, дар ҷараёни ин сафар ба мақомоти Тоҷикистон барои мусоидат дар ташкили сафари ин ҳайат ва ҳамчунин ҷиҳати шарикӣ дар ҳалли мушкилоти марбут ба КОВИД-19 (COVID-19) изҳори сипос намуд. Қобили тазаккур аст, ки аз соли 1992 инҷониб Дафтари Намояндагии ТУТ дар Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвияти системаи тандурустии кишвар кӯмаки техникӣ мерасонад.

Дар тӯли ду моҳи охир ТУТ/Аврупо дар кишварҳои минтақа тақрибан 60 миссияҳои марбут бо КОВИД-19 (COVID-19)-ро ташкил намуда, дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дастгирии ташхисгоҳӣ, назорати беморӣ, банақшагирии амалиётӣ ва омодагии беморхонаҳо, роҳнамоии техникӣ расонидааст. Сарфи назар аз мушкилоти мавҷудаи марбут ба бастани сарҳадот ва маҳдудияти нақлиёти ҳавоӣ, ТУТ ирсол намудани коршиносонашро барои дастгирии кишварҳо, бар асоси дархости онҳо, дар ҷое ки лозим аст, идома медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 966
  • 1,242
  • 949,986