Таъсири гармии аз ҳад зиёд ба саломатии инсон ва паёмади он

Таъсири гармии аз ҳад зиёд ба саломатии инсон ва паёмади он
Июн 14
13:05 2021

Фасли тобистон бо фароҳам овардани мавсими истироҳату фароғат ва даврони шукуфоиву пешкаш намудани меваҳои шаҳдбор барои инсоният фасли дӯстдоштанист, аммо дар ин миён зуҳури бемориҳои мавсимӣ ва бо риоя нашудани қавоиди беҳдоштӣ, инчунин аз таъсири гармо ба миён омадани бемориҳову афзун намудани ҳолати бемориҳои музмин дар организм инсонҳои зиёдеро  ба ташвиш фаро мегирад. Аз меъёр  боло рафтани ҳарорати ҳаво дар ин фасли сол ба сиҳатии инсонҳо бетаъсир намемонад.

Мутахассисони соҳаи тиб изҳор медоранд, ки гармии аз ҳад зиёди ҳаво ба саломатии одамон,  бахусус калонсолон таъсири зиёд дорад. Аз ин сабаб   ҳангоми  баланд шудани ҳарорати ҳаво ба сокинон тавсия дода мешавад,  ки дуру дароз зери шуъоҳои сӯзони офтоб наистанд, зеро он метавонад ба бемории гармозадагӣ  оварда расонад. Бар асари гирифтор шудан ба ин беморӣ таби бадани инсон  баланд мешавад. Инчунин дар ҳавои гарм, зери офтоб зиёд истодан ба сӯхтани пӯсти бадани инсон, пайдоиши обилачаҳо дар он,  инчунин дарди сару дилбеҳузурӣ оварда мерасонад.

Мутахассисон собит кардаанд, ки меъёри бароҳати ҳарорат барои организми одам 15-25 дараҷа мебошад. Ин дар ҳолест, ки одатан дар рӯзҳои тобистон ҳарорати ҳаво ба ҳадди нигаронкунанда боло меравад. Маҳз номутобиқ будани ҳаво ва якбора боло рафтани ҳарорати гармӣ боис гашта, ки одамон бештар ба истеъмоли маҳсулоти хунук даст бизананд, ки он ҳам ба саломатии инсонҳо бе таъсир нест. Таи рӯзҳои охир ҳолатҳои гирифтории одамон ба бемории илтиҳоби шуш, хосатан миёни кӯдакон ба назар мерасад, ки истеъмоли оби хунук, яхмос оббозӣ дар оби хунук боиси авҷи ин беморӣ мегардад.

Ба гуфти  мутахассисони соҳаи тандурустӣ,  бемории пневмания (ё илтиҳоби шуш) бештар дар байни кӯдакони то  панҷсола дида мешавад. Аз рӯи омор, ҳар сол  ин беморӣ беш аз ду миллион нафарро дар ҷаҳон аз байн мебарад.

Мутахассисони соҳавӣ бар он назар ҳастанд, ки  пневмания (ё илтиҳоби шуш) ин бемории шадиди сироятӣ  мебошад, ки   он пурра табобатшаванда аст.  Ин беморӣ дар он вақт табобатшаванда ҳисобида мешавад, ки  агар  бемор саривақт ба духтур муроҷиат кунад ва  ташхиси дуруст ва табобати зарурӣ гирад.

Ба иқрори табибон, ҳангоми  саривақт пешгирӣ накардан ва нагирифтани  табобати дуруст ин беморӣ ба оризаҳои гуногун ва ҳатто ба марг бурда мерасонад.  Бояд гуфт, ки ба гурӯҳи хатарнок   кӯдакони то дусола,  калонсолони аз синни 65-сола боло,  занони ҳомиладор, ҳамчунин  беморони  дорои масунияти пасти бадан, бемориҳои музмини роҳи нафас ва дилу рагҳои хунгард дохил мешаванд.

Аломатҳои  бемории пневмания (ё илтиҳоби шуш)

Баландшавии ҳарорати бадан, дард дар қафаси сина, зиёдшавии дард ҳангоми нафаскашӣ, сулфаи хушк, пастшавии иштиҳо,  беҳолӣ ва нафастангӣ аз аломатҳои аслии гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш дониста мешаванд.

Омилҳои пайдоиши бемории  пневмония (ё илтиҳоби шуш)

Ба назари мутахассисони соҳавӣ сабабҳои  пайдоиши ин беморӣ гузарондани зуком, шамолхӯрӣ,  истеъмоли зиёди нӯшокиҳои хунук аз қабили об ва яхмос, инчунин  паст будани масунияти бадан мебошад.

Тавсия

Бино ба тавсияи мутахассисони соҳа, ба ҳар як нафари бемор  реҷаи бистарӣ кардан ҳатмӣ буда, хӯрдани хӯрокҳои серғизо ва нӯшокии зиёди ҳарораташ муътадил тавсия дода мешавад. Аз сабабе, ки ин беморӣ дар фасли гармо низ бо иллати нушидани оби хунук, яхмос ва ғ бештар хурӯҷ мекунад, ҳамчун мутахассисисони соҳа тафсия медиҳанд, ки сокинон  хӯрокҳои серғизо истеъмол кунанду обу шарбатҳои хунук нанӯшанд ва кӯдакону наврасонро низ ба истеъмоли ғизои солим ва безарар ҷалб намоянд.

Ин дар ҳолест, ки гармии ҳаво ба бемориҳои диабети қанд, фишорбаландии шараёнӣ, бемории ишемикии дил, норасоии музмини дил ва гурдаҳо таъсири манфӣ дорад.

Табибон ба гирифторои бемориҳои болозикр дар фасли гармо тавсия медиҳанд, ки чунин афрод ҳадди ақал  то қадри имкон дар соатҳои офтобӣ ба берун набароянд, яъне бештари рӯзро дар дохили биноҳо гузаронанд. Инчунин, зиёд об нӯшанд, албатта, оби ҷӯшонидашуда ё чойи хунук.   Аммо тавсияи аз ҳама муҳим ин ба таври ҳатмӣ ва саривақт истеъмол намудани доруҳое мебошад, ки табиби муолиҷавӣ ба чунин беморон тавсия додааст.

Ин дар ҳолест, ки таи якчан рӯз ҳарорати ҳаво дар саросари мамлакат боло рафта, дар назар аст, ин вазъ таи якчанд рӯзи дигар идома пайдо намояд. Чунин ҳолат гувоҳи он аст, ки дар сурати беэҳтиётӣ  шахс метавонад ба ҳар гуна   бемориҳо дучор шавад.

Ин гама гуфтаҳову тавсияҳо перомуни аз эҳтиёр кор гирифтан барои табақаи калонсол дар сурати боло рафтани ҳарорати ҳаво дар ҳолест, ки рӯзҳои гарми тобистон боиси афзудани бемориҳои зиёд миёни атфол мегардад, ки бемориҳои дарунравӣ миёни кӯдакон ва наврасон аз зумраи онҳо мебошад. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, дар натиҷаи гармии баланд кӯдакон баъзан обу нӯшокиҳои на ҳама вақт ҷӯшонидашуда, инчунин  баъзан меваю сабзавоти  гуногунро  ношуста  истеъмол мекунанд, ки дар натиҷа бемориҳои гуногуни сироятиву ғайрисироятӣ тавлид меёбанд.

Мутахассисони соҳавӣ таъкид медоранд, ки гармо метавонад ба кӯдакони хурдсол таъсири бештар расонад, зеро ҷисми кӯдакон бисёртар аз об иборат аст ва дар рӯзҳои гарм метавонад мубодила ва мувозинати оби организми онҳо вайрон шавад. Дар чунин вазъ  аз ҳамаи падару модарон талаб карда мешавад, ки кӯдакони худро эҳтиёт кунанд ва дар ҷойҳои салқин нигоҳ доранд, ки таъсири гармо ба узвҳои дарунӣ зиёд набошад. Бахусус, ба кӯдакон тез-тез нӯшонидани об тавсия дода мешавад. Дар кӯлу ҳавзҳо  ҳангоми гармии рӯз оббозӣ  кардан тавсия дода намешавад, аммо дар чунин ҳолат низ бояд эҳтиёт шуд, чун оби ғализ низ боиси мубтало гардидани одамон хоссатан кӯдакону наврасон ба бемориҳои зиёд мегардад.

Табибони соҳавӣ таъкид менамоянд, ки фасли гармо ин  муҳити созгор  барои микроорганизмҳоест, ки ба гармӣ тобоваранд ва онҳо зуд афзоиш меёбанд. Ҳамин аст, ки табибон фасли гарморо, овони хуруҷи  бемориҳои дарунравии шадиди меъдаю рӯда меноманд. Ин  беморӣ бештар дар байни кӯдакони синну соли аз 1 то 5 сола  ба қайд гирифта мешаванд. Сабабҳои ба чунин ҳолат расидан ин риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ будааст.

Табибон дар ҳоле ба оббозӣ иҷозат додаанд, ки шартан  бояд аз обҳои тоза  истифода бурда шавад ва он ҷавобгӯйи меъёрҳои беҳдоштӣ бошад. Нӯшидани оби зиёд барои пешгирии беобшавии ҷисм мусоидат мекунад. Ҳамзамон, тавсия дода мешавад, ки дар рӯзҳои гарми тобистон аз истеъмоли хӯрокҳои зуд вайроншаванда худдорӣ бояд кард. Бештар меваҳои тару тоза ва шарбатҳои мевагиро истифода кардан бамаврид аст.

Бояд таъкид намуд, ки саломатии инсон то андозае аз боду ҳаво вобастагӣ дорад, ки дар ҳолати аз ҳад зиёд гарм шудани ҳаво ва хокбориш метавонад боиси бемориҳои мавсимӣ, аз қабили дилу рагҳо, диққи нафас, диабети қанд, фишорбаландӣ, дар ҳолати истеъмоли маҳсулоти хунук гирифторӣ ба бемории илтиҳобу шуш ва дигар маризиҳо гардад. Ҳамин аст, ки табибон таъкид медоранд, нафароне, ки дар ин гуна боду ҳаво аз бемориҳои мазкур ранҷ мекашанд, бояд ба сиҳатии худ зиёдтар аҳамият дода, аз рўйи маслиҳати  табибон амал намоянд.

Суғдмеҳри Маъруфзод

(Акс аз манбаъҳои дастрас)

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 910
  • 1,242
  • 949,930