Татбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд

Июл 26
14:18 2018

Санаи 26 июли соли равон дар Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза”, воқеъ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, ҷаласаи Шӯрои байнисоҳавӣ ва Кумитаҳои роҳбарикунанда оид ба татбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” доир гардид.

Дар кори ҷаласаи мазкур роҳбарият ва намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар  ниҳодҳои давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи мазкурро Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз башида, дар рафти суханронии хеш вобаста ба рафти дар амал татбиқ гардидани “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” дар ҳузури иштирокдорон муфассал суханронӣ намуд.

Дар амал татбиқ намудани  “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020”, пешравиҳои назаррас дар  соҳа, нақшаҳои минбаъда дар доираи   татбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” аз масъалаҳои аслии маърӯзачиёни ҷаласа дониста шуд.

Баъд аз ҷамъбаст гардидани   ҷаласаи Шӯрои байнисоҳавӣ ва Кумитаҳои роҳбарикунанда оид ба татбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020”   дар Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, намояндагони кумитаҳои маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷаласаи шарикони рушд оид ба татбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” ба кори худ оғоз бахшид.

Вазъи дар амал татбиқ намудани “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” дар нимсолаи аввали соли 2018, роҳу василаи татбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” дар сатҳи маҳаллӣ, вазъи таъмини воситаҳои ёрирасон ба шахсони маюбидошта дар Тоҷикистон ва талабот нистани он, аз масъалаҳои аслие буданд, ки дар рафти кори ҷаласаи мазкур мавриди таҳлилу баррасӣ ва бозомӯзӣ қарор дода шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 712
  • 1,242
  • 949,732