Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз беморхонаҳои марказии Турсунзода ва Шаҳринав дидан намуда, бо беморон суҳбати озод анҷом дод (АКС)

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз беморхонаҳои марказии Турсунзода ва Шаҳринав дидан намуда, бо беморон суҳбати озод анҷом дод (АКС)
Март 15
18:21 2021

Имрӯз, 15 марти соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти хизматрасонии тиббӣ ва ҷараёни корҳои таъмирии беморхонаҳои марказии шаҳри Турсунзода ва  ноҳияи Шаҳринав  боздид ба амал овард.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар як қатор шӯъбаҳои  беморхонаҳои мазкур корҳои таъмирӣ ҷараён доранд.

Аснои боздид вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, сабзу хуррамгардонии назди беморхонаҳо, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон,  дар ҷараёни сафари корӣ ва боздид аз беморхонаҳои мазкур Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор беморон суҳбати озод анҷом дода, доир ба рафти хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

Маврид ба зикр аст, ки мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар, таҳлил ва баррасии масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа ва дар ин замина боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ  роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 672
  • 1,242
  • 949,692